Нишастҳои матбуотии нимсолаи вазорату идораҳо оғоз мешавад
Шурӯъ аз имрӯз, 6 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхонаву муассиса ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оғоз мешавад. Роҳбарон ва шахсони масъул аз натиҷаҳои фаъолияти ниҳодҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 гузориш медиҳанд.
Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо то 14 август давом мекунанд.
Аз 6 то 22 июл нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор мешавад. Аз 23 июл то 14 август мақомоти иҷроияи ҳокиммиятҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин шаҳру навоҳии тобеи марказ нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд. Имрӯз аввалин шуда роҳбарони Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевиззиону радио, Академияи идоракунии давлатӣ ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фраҳангии ҷумҳурӣ назди рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.
Дар назар аст, ки зимни ин вохӯриҳо роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон ба рӯзноманигорон маъмулан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ниҳоди зертобеашон дар нимсолаи аввали соли 2026 маълумот диҳанд. Инчунин рӯзноманигорон имкон пайдо мекунанд, ки ба онҳо дигар саволҳои мавриди таваҷҷуҳашонро пешниҳод намуда, бевосита посух дарёфт кунанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.
Ҳамчунин дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат, роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)