< Театри миллӣ рӯзи 9 сентябр ба кор оғоз мекунад. Бунёди бинои он дар арафаи анҷомёбист » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Театри миллӣ рӯзи 9 сентябр ба кор оғоз мекунад. Бунёди бинои он дар арафаи анҷомёбист

Театри миллӣ рӯзи 9 сентябр ба кор оғоз мекунад. Бунёди бинои он дар арафаи анҷомёбист
Ин театр бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишвар таъсис дода шудааст. Он комилан нав аст ва дар назди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур фаъолият мекунад.

Дар ин хусус рӯзи 1-уми декабр фармони раисҷумҳур баромад ва дар он супориш шудааст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Театри миллӣ чораҷӯйӣ намояд. Театри миллӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ин фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кард, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад.

Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз шуд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий