Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июли соли 2026
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
Имрӯз дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) намоишгоҳи Амир Холматов бо номи “Модар (Mother) баргузор мешавад. Лоиҳа як таҳқиқи бадеии модар аст. Дар маркази намоиш – андешаронӣ дар бораи он аст, ки чӣ гуна аз тавозуни нозуки ҳимоя ва осебпазирӣ «Ман»-и инсон шакл мегирад. Намоишгоҳ то 15 июл идома мекунад.ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2001 – Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.Соли 2003 – Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ”-ро тасдиқ кард, ки дар он лағви ҷазои қатл нисбат ба занон пешбинӣ шуда буд.
Соли 2006 – Дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) Маркази саратоншиносӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2009 – Додгоҳи олии Тоҷикистон собиқ кормандони Вазорати корҳои дохилиро барои ҳамла ба қиморхонаи “Помир” ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард.
Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор ва Меҳмон Бахтӣ дубора раиси иттифоқ интихоб шуд.
Соли 2012 – Президенти кишвар қонунеро ба имзо расонид, ки дар он тӯҳмат ва таҳқир аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ шуда, ба гурӯҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дохил гардид.
Соли 2018 – Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт “Боғи кӯдакон” ба истифода дода шуд.
Соли 2020 – 776 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон бар асари “COVID-19 дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба ватан баргардонида шуданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1938 – Мавлуди Ато Аҳроров, мунаққид ва синамошиноси тоҷик.Соли 1940 – Зодрӯзи Раҷаб Мардон, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Раҷаб Мардон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” оғоз кардааст. Сипас дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, “Комсомоли Тоҷикистон”(“Ҷавонони Тоҷикистон”) ва Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кард.
Баъдан дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, (“Ҷумҳурият”), нашриёти “Адиб” фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъйин карданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон бознишаста шуд ва дар давоми 12 соли бознишастагӣ рӯзномаи “Саноати Тоҷикистон”-и Вазорати саноатро ташкил ва ҳафтаномаи “Ватанпарвар”-и зери тобеияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро эҳё намуд.
Ӯ муаллифи асарҳои “Марде собит ҳамчу кӯҳ”, “Оташи дил”, “Дар ҳалқаи занон”, “Ҳикмати умр”, “Кохи ҳуҷҷатҳои муқаддас”, “Сабри ӯ амали комил дошт” аст.
Раҷаб Мардон 22-юми апрели соли 2023 дар 83-солагӣ даргузашт.

Музаффар Бурҳонов, яке аз ситораҳои ҳунари балети тоҷик буда, солҳои шӯравӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва шарики рақсиаш Малика Собирова балети Тоҷикистонро дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳратёр кардааст.
Солҳои 1961-1980 раққоси балет ва минбаъд сарбалемейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Баъди марги Малика Собирова дар соли 1982 Музаффар Бурҳонов аз рақсу ҳунарнамоӣ ба омӯзгорӣ пардохт, дар Театри операву балети ба номи Айнӣ шогирдони навро тарбия кард ва дар солҳои 1990-ум бо оилааш ба Аврупо кӯчид.
Ӯ дар беш аз 30 намоишнома нақш офаридааст. Соли 1972 аввалин балети худ – “Темурмалик”-ро ба саҳна гузошт. Худ дар намоишномаҳои зиёде нақш офарида, “Кӯли қувон”, “Алибобо ва ғоратгарон”, “Суруди кӯҳсорон”, “Ҳазору ак шаб” барин намоишномаҳоробӣа саҳна гузоштааст.
Соли 1958 – Зодрӯзи Абдусаттор Одинаев, доктори илми таърих.
Соли 2024 – Адҳам Холиқов, операсарои маъруфи тоҷик дар синни 76 аз даргузашт.

Адҳам Холиқов, ки яке аз сарояндагони маъруфи опера аст, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва Консерваторияи давлатии Маскав аст.
Ӯ солҳои 1970 – 1980 сарояндаи ансамбли “Красная звезда”-и Маскав буд. Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан, маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.
Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.
Ӯ дорои овози форам, маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд буда, дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Адҳам Холиқов дар 30 намоишномаи операвӣ нақш офаридааст.
Ӯ 3 июли соли 2024 дар 76-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
3-юми июли соли 1916 дар Лондон мурофиаи додгоҳии фалокати киштии машҳури “Титаник” баргузор шуд. Ин киштӣ дар замони сохтмонаш (1911) бузургтарин киштии мусофирбари дунё ба ҳисоб мерафт.“Титаник” дар шаби 14 ба 15-уми апрели соли 1912, ҳангоми аввалин сафар аз Саутҳемптон ба Ню-Йорк ба пиряхи айсберг бархӯрд ва ғарқ шуд. Дар киштӣ дар умум 2208 нафар ҳузур доштанд ва танҳо 704 нафар зинда монданд, ки асосан занон ва кӯдакон буданд.

Мурофиаи 3-юми июли соли 1916 бо хулосае анҷом ёфт, ки сабаби аслии фалокат суръати хеле баланди ҳаракати киштӣ дар минтақаи хатарнок буд.
3-юми июли соли 1608 сайёҳи маъруфи фаронсавӣ Самуэл де Шамплен, ки аз ҷониби шоҳ Генрих IV географи дарбор таъин шуда буд, дар соҳили чапи дарёи Сент-Лоранс (ҳудуди имрӯзаи Канада) дар як деҳаи собиқи қабилаи ирокезҳо қалъае бунёд кард ва онро Квебек номид. Дар забони ҳиндуёни маҳаллӣ “Квебек” маънои “ҷойи тангии дарё”-ро дорад.

Имрӯз Квебек пойтахти вилояти ҳамноми Канада буда, дувумин минтақаи калонтарин аз рӯи шумораи аҳолӣ ва бузургтарин аз рӯи масоҳат миёни вилоятҳои фаронсизабон ба ҳисоб меравад.
3-юми июли соли 1885 муҳандис ва ихтироъкори маъруфи олмонӣ Карл Бенс нахустин озмоиши амалӣ ва муваффақонаи мошини ихтироъкардаи худро анҷом дод. Ин мошин дар асл аробаи сесарнишини дучарха буд, ки чархҳои калон ва муҳаррики бензинии чортакти обхунуккарда бо иқтидори 0,9 қувваи асп дошт.

Суръати ҳадди аксари мошини Бенс 16 км/соат буд, ки ин барои он замон як дастоварди навоварона ба ҳисоб мерафт. Соли 1890 Карл Бенс ба истеҳсоли оммавии автомобилҳо оғоз кард, ки баъдан заминаи рушди саноати автомобилсозии ҷаҳон гардид. Соли 1906 ӯ аввалин мошини сохтаи худро ба Осорхонаи миллии Олмон дар Мюнхен тақдим намуд. Соли 1936 ба муносибати 50-солагии ихтирои автомобил, се нусхаи дигари он барои осорхонаҳои Вена, Дрезден ва музейи бренди Mercedes-Benz дар шаҳри Штутгарт сохта шуданд.
3 июли соли 1928 дар Амрико нахустин телевизори ҷаҳон бо системаи механикии тасвирфиристӣ ба фурӯш бароварда шуд. Ихтироъкори он Владимир Зворикин, муҳандис ва физики рустабор, шогирди профессор Борис Розинг ва хатмкардаи Донишгоҳи технологии Санкт-Петербург буд, ки баъдан ба Амрико кӯчида буд.
Гарчанде телевизори механикӣ тасвири сифатан паст нишон медод, вале ин оғози воқеии давраи нави иртиботи оммавӣ маҳсуб мешуд. Соли 1936 дар ИМА аввалин телевизори электронӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар Британия истеҳсоли оммавии телевизорҳо бо системаи кинескопӣ соли 1937 оғоз гардид.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин пахши таҷрибавии телевизионӣ рӯзи 29 апрели соли 1931 ва аввалин пахши телевизионӣ бо садо 15 ноябри соли 1934 баргузор шуд. Истеҳсоли телевизорҳои саноатӣ соли 1932 дар заводи “Коминтерн”-и шаҳри Ленинград оғоз гардида буд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ шавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 24+29º гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ гарду ғубор шавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 17+22º гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Гарду ғубор мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ шавад. Ҳарорати ҳаво шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм мешавад
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми июл ба ҳисоб гирифта шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)