< Ширкатҳои Баҳрайн аз Тоҷикистон коргар меҷӯянд. Кор дар кадом соҳаҳо ва маош чӣ қадар аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ширкатҳои Баҳрайн аз Тоҷикистон коргар меҷӯянд. Кор дар кадом соҳаҳо ва маош чӣ қадар аст?

Ширкатҳои Баҳрайн аз Тоҷикистон коргар меҷӯянд. Кор дар кадом соҳаҳо ва маош чӣ қадар аст?
Намояндаи ду ширкати Баҳрайн бо корҷӯёни тоҷик аз наздик вохӯрда, аз миёни онҳо коргар қабул мекунанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷа ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, маош аз 530 то 928 доллар хоҳад буд.
Аз ин ниҳод гуфтанд,намояндаҳои ширкати «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort"-и Баҳрайн бо корҷӯёни тоҷик мусоҳибаи ҳузурӣ баргузор мекунанд.

Қабули довталабон, рӯзи 7-уми июл аз соати 10:00 дар бинои марказии Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Ба қавли манбаъ, ба ширкатҳои Баҳрайн масъули умури меҳмонон, пешхидмат, меҳмондор, фаррош ва корманди бар дар умум 27 коргар лозим будааст.

Маош аз 530 то 928 доллар (қариб 5 300 то 9 200 сомонӣ) ва реҷаи кор 8 соат дар як рӯз — аз душанбе то шанбе хоҳад буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, ҳамчунин билети ҳавопаймо, танзими раводиди корӣ, ҷойи зист, хӯроки ройгон дар вақти корӣ, нақлиёт ва суғуртаи тиббӣ аз сӯйи корфармо фароҳам мешавад.
  • Талабот чунин аст:
— донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират (суҳбат бо корфармо бо забони англисӣ мешавад);
— доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи хидматрасонӣ ва меҳмондорӣ;
— ҳозир шудан бо либоси расмӣ;
— ирсоли шарҳи ҳол ба забони англисӣ тавассути паёмрасони Вотсапи Оҷонсӣ +992 55 555 1080;
— довталабон бояд ҳангоми омадан ба мусоҳибаи рӯ ба рӯ нусхаи чопшудаи шарҳи ҳоли худро бо худ дошта бошанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар тариқи ин рақамҳо тамос гиранд: 221-39-67, 221-39-83, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 91 576 7743, +992 930 934 994.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир кишварҳои арабӣ талош доранд корҷӯёни тоҷикро ба кор дар ширкату коргоҳҳояшон ҷалб кунанд. Аз ҷумла, ширкатҳои Қатар чанде қабл бо корҷӯёни тоҷик мусоҳибаи маҷозӣ баргузор ва аз миёни 54 довталаб танҳо 6 касро ба кор қабул карданд. Ин шахсон дар як қаҳвахона ба ҳайси пешхидмат ва қаҳваомадакун бо музди маоши то 5,4 ҳазор сомонӣ интихоб шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон соли гузашта 500 шаҳрванди кишвар дар Қатар бо кор таъмин шудаанд. Ҳарчанд таваҷҷуҳи ширкатҳои қатарӣ ба корҷӯёни тоҷик зиёд аст, вале шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба хотири шарту шароит ва музди паст кор дар ин кишварро қабул намекунанд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Корея мебошад. Танҳо дар соли 2025 беш аз 4 ҳазору 600 корҷӯёни тоҷик ба кишварҳои авропоӣ, арабӣ ва осиёӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий