Ситораи Кароматулло дар озмуни ҷаҳонии “Мақом” дар Ӯзбекистон сазовори ҷои сеюм шуд
Ситораи Кароматулло, яке аз овозхонҳои шинохта ва шашмақомсарои тоҷик дар озмуни байналмилалии «Мақом», ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ бо диплому нишони озмун ва 5 ҳазор доллар қадрдонӣ шуд.
Ӯ дар муддати 15 дақиқа се сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи «Иҷроиши якка» ғолиби ҷойи сеюм гардид.
»Вақте маро сазовори ҷойи сеюм эълон карданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт, бисёр хурсанд будам. Чунки ҳадафам аз ширкат дар ин ҷашнвораи бузург муаррифии санъату фарҳанги Тоҷикистони азизам буд. Ғолибият дар озмуне, ки ҳунармандон аз 30 кишвари дунё дар он ширкат доштанд, бароям мояи ифтихор аст».



Озмуни байналмилалии «Мақом» аз 23 то 26‑уми июн дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор шуд. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 26-уми июн сурат гирифта, ба ғолибон диплому ҷоиза ва мукофотпулӣ супорида шуд. «Гран-при"-и ҷашнвораро, ки маблағи он 15 ҳазор долларро ташкил медод, Ориф Эргашев , намояндаи Ӯзбекистон соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2024-ум дар озмуни байналмилалии «Мақом», Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал шуда буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)