КҲФ: Ҷасади Алишер Мирзонабот аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайдо шуд
Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод. Ӯ рӯзи 30-юми июн навишт, ки ҷасад дар деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар рӯйи об мушоҳида ва аз он берун оварда шуд.
"
Ба иттилои КҲФ ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда, яъне ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят идома дорад. Қаблан ҷасади ёвар ва ронандаи Алишер Мирзонабот пайдо шуда буд.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод.
Ба иттилои ВКД сабаби ҳодиса «суръати баланди ҳаракат» ва «аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани» ронанда гуфта шудааст.
Ба иттилои КҲФ дар мошин шахсони зерин ҳузур доштанд, ки ҳамаашон ғарқ шуданд:
–Алишер Мирзонабот — раиси ВМКБ;
— Амина Амонуллоева (46-сола) — ҳамсари ӯ;
— Орифа Мирзонаботзода (2-сола) — духтари ӯ;
— Садоншо Ҷанобалишо (37-сола) — ёвари раис;
— Сино Муборакшоев (42-сола) — ронанда.
Таҳқиқи қазия таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.
Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт. Ӯ то таъин шуданаш ба ҳайси раиси ВМКБ дар соли 2021, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд. Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад.
Пас аз марги нобаҳангоми Алишер Мирзонабот иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши Шарифхон Сафарзода, муовини якуми ӯ вогузор шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
"
»Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад», — навиштааст Ориф Нозимиён.

Комментарии (0)