< БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд, дар озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллӣ–хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.

Довталабон дар ду гурӯҳ–хонандагони то 18–сола ва аз 18–сола боло барои дарёфти унвони «Беҳтарин китобхон» байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони 3 соли охири озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.

Ҳангоми муайян намудани ғолибон шумораи китобҳои хондашуда, китобҳои дархостшуда ва китобҳое, ки хонанда аз китобхона гирифтааст, ба назар гирифта мешавад.

Барои ҳарду гурӯҳ шаш ҷойи ғолиб муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон падару модароне, ки фарзандони то 14 солаашон дар озмун ғолиб гардидаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10 то 25 июл муаяйн гардидааст. Ғолибни озмун то 14 августи соли 2026 муайян шуда, 4 сенябр дар Рӯзи китоб дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий