< Тахриби марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тахриби марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд

Тахриби марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд
​Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи корие таъсис таъсис дода, ба бартараф кардани марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳо ҳастанд, шуруъ кард.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмиаш навишт, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва Деҳи Болоии ноҳияи Сино марказҳои савдо, қурутобхона, толори саққобозӣ (билярд), ошхона ва якчанд амборхона бартараф карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки аслан таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо сохтани марказҳои хизматрасонӣ боиси тамбашавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ мегардад.

Дар ин росто, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки шаҳрвандоне, ки таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматиро, ки ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок истифода мебаранд, бартараф намуда, онҳоро ба нақшаи тасдиқшудаи сохтори бино мутобиқ созанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий