Дарёфту мусодираи 2000 қуттича тамокуи «MILANO LONDON»
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи шахсии худ навиштааст, ки ҳангоми санҷиш аз бағоҷи автомошинаи тамғаи «Toyota Sienna» 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ҳар як қуттӣ 50 баста (блок) ва дар маҷмуъ 2000 қуттича тамокуи тамғаи «MILANO LONDON» истеҳсоли Амороти Муттаҳидаи Араб дарёфту мусодира гардид.
Муайян шудааст, ки маҳсулоти мазкур бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ ва бе тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.
Санҷиш маълум кардааст, ки тамокуҳои ошкоршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Муҳаммадолим Тоирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд тааллуқ доранд.
Номбурда дар баёноти худ зикр намудааст, ки ин маҳсулоти тамокуиро аз як шахс ба ивази қарз ба маблағи 1500 доллари ИМА қабул карда, бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)