< НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!

НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
​Имрӯз истифодаи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо яке аз проблемаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз ин амалҳои ба ҷомеа хавфнок конвенсияву қарорҳои дахлдор қабул намудаанд.

Дар Тоҷикистон мақомоте, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, назорат аз болои муомилоти он ва назорати таҳияи он дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ месозад, Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъовар, соли 2025 аз ҷониби Агентӣ 138 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкору муайян карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 фоиз ё 22 ҷиноят зиёд мебошад. Соли 2025 инчунин фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин сол дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаю 280 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 898 килою 835 грамм ё 21 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 253 килою 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 142 килограмм ё 2 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор 247 килограмм ё 97 фоизи онро метамфетамин ташкил додааст. Ҳаҷми метамфетамини соли 2025 мусодирашуда дар таносуб ба соли 2024 2,3 маротиба ё 141 килограмм зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 28 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат корӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус навъҳои синтетикӣ ва психотропии он, зоҳир гардид.
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мақомоти дахлдор мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пурзуртар намудааст.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида шуда истодааст. Вобаста ба ин барои ноил гардидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ҳамасола амалиётҳои муштараки зиддимухадиротӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар дохили ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Қабули стратегия вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегия барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Ҳадаф аз ин ҳама муборизаҳо барҳам додани як тамоюли ниҳоят хавфноку манфӣ мебошад. Нашъмандӣ ва маводи мухаддир аз омилҳои хатарноку зиёновар ба ҳаёти инсонӣ буда, насли инсониятро ба нобудӣ мебарад. Дар ин самт муборизаҳо метавонад гуногун бошанд. Яке аз ин омилҳои мубориза тарғиботи зидди маводи мухаддир ба шумор рафта метавонад. Ногузир мебошад, ки дар ин роҳ намояндагони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъол бошанд.

Айни замон механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ танзим ва ташкил шудааст. Ба шарофати кӯшишҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъовар, ҳоло вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ то ҳадди муайян ба эътидол оварда шудааст.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий