< СММ қатъномаи Тоҷикистон дар бораи 10-солаи таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро қабул кардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СММ қатъномаи Тоҷикистон дар бораи 10-солаи таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро қабул кардааст

СММ қатъномаи Тоҷикистон дар бораи 10-солаи таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро қабул кардааст
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз сӯйи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навишт, ки ин қатънома дирӯз, 25-уми июн аз сӯйи ин созмон ҷонибдорӣ ёфт ва солҳои 2027-2026 солҳои таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон гардид.

Баъди қабули тарҳ, кишварҳои узв низ уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо тасдиқ кардаанд.
Дар тарҳи мазкур, ҳадафу принсипҳои оинномаи СММ, махсусан «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст.
                                    "                                          
»Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд»,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
                                         

Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, ки қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад.

Дар қатънома аз таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол шудааст.

»Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст», — гуфта мешавад дар хабарномаи дафтаи матбуотии раисҷумҳур.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 26-уми июн қабули ин қатъномаро табрик гуфт ва эълон кард, ки қарор аст? соли оянда ба ифтихори 30-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва оғоз бахшидан ин даҳсола дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шавад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий