Симои тавъами илму ҳунар. Дар Душанбе 80-солагии Ҷӯрабек Назрӣ таҷлил шуд
Дар Душанбе ба муносибати 80-солагии зодрӯзи Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд, шарқшинос ва овозхони маъруфи тоҷик, ҳамоиши илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» баргузор шуд.
Ин чорабинӣ дирӯз, 24-уми июн, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷараён гирифт ва дар он аҳли илму адабу ҳунари тоҷик, ҳамчунин олимону донишмандони меҳмон аз Эрон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат варзиданд.
Симои тавъами илму ҳунарҚобилҷон Хушвахтзода, президенти АМИТ Ҷӯрабек Назриро намунаи равшани тавъамии илм, фарҳанг ва ҳунар гуфт, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, Ҷӯрабек Назрӣ тавонист дар як вақт ҳамчун донишманд, муҳаққиқ, олим ва овозхони соҳибмактаб шуҳрат пайдо кунад.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз хислати Ҷӯрабек Назрӣ ёд карда, гуфт, ки ӯ ҳамеша ба ваҳдату иттиҳоди инсонҳо мекӯшид. Вай ошноии худро бо Ҷӯрабек Назрӣ ба қариб панҷоҳ сол қабл, ба солҳои донишҷӯӣ нисбат дод, замоне ки номи Ҷӯрабеки овозхон вирди забонҳо буд. Ба гуфаи Низом Қосим, барои консертҳои ӯ дар Филармонияи давлатӣ, театри Лоҳутӣ ва Театри тобистона баъзан билет намеёфтанд ва ҷавонон аз болои дарахтону бомҳо тамошо мекарданд.

Қаҳрамон Сулаймонӣ ва Низом Қосим, asia+
Раиси Иттифоқи нависандагон таъкид кард, ки Ҷӯрабек Назрӣ сабку садои тамоман тозае ба санъати овозхонии тоҷик овард ва нахустин бор созҳое чун аккордеон, мандолина, табла ва армониро дар дастаи ҳунарии худ ба кор бурд. Сурудҳои ватандӯстонаи ӯ, аз ҷумла «Тоҷикистон», дар дилҳо меҳри Ватанро бедор мекарданд, ҳол он ки бисёре аз ашъори шоирони эронӣ — Шаҳриёр ва Халилӣ маҳз тавассути иҷрои ӯ ба дили хонандагони тоҷик роҳ ёфтанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики АМИТ ва вазири пешини маориф, бо таҳлили муҳтавоии репертуари Ҷ. Назрӣ гуфт, сурудҳои «Савганд», «Кӯҳсор», «Тоҷикистон» ва «Меҳан, меҳан» дар санъати тоҷик ҷойгоҳи хос доранд. Раҳмонзода зикр кард, ки оҳангҳои ӯ бо тароватҳои фалакию шашмақомхонӣ пайванд мегиранд ва афзуд, ки Ҷӯрабек Назрӣ ҳеҷ гоҳ пир набуд, зеро ҳамеша васфи ишқ мекарду ошиқонаҳо месуруд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, asia+
Хотираҳо аз ҳамсабақу ҳамнишинонШоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки дар донишгоҳ ҳамсабақи Ҷ. Назрӣ буд, хотираҳои солҳои ҷавониро бозгӯ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он «рӯзҳои камбизоатӣ» Ҷӯрабек аз ҳама сарватмандтару донишмандтар буд, зеро хати ниёгонро медонист.
Гулрухсор ёдовар шуд, ки нахустин шеърҳояш бо нахустин оҳангҳои Ҷӯрабек пайдо ва машҳур шуданд. Ӯ ба қариб 20 шеъри Гулрухсор оҳанг бастааст.
Ин шоири номвар таъкид кард, ки «Ҷӯрабек Назрӣ дар зиндагӣ инсони бисёр сода буд ва танҳо мехост, ки эътирофаш кунанд ва дӯсташ доранд». Вай Ҷӯрабекро ба ду симо — овозхон ва олим ҷудо кард, ки ҳам шеър менавишту ҳам соз мезад ва ҳам таҳқиқ мекард.

Гулрухсор, asia+
Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриро ба «чандин ҳунар ороста» тавсиф карда, аз сабки инсонгароӣ ва ҳунари дилбадастоварии ӯ сухан ронд. Ӯ ҳодисаеро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ нақл кард, ки чӣ гуна Ҷӯрабек Назрӣ бо як ҷумлаи кӯтоҳ дили меҳмону мизбонро дар сафари Эрон фатҳ кард.
Аз гуфтори меҳмонону ҳамтаборонДар ин ҳамоиш аз Эрон чанд донишманди шинохта суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва сафири пешини Эрон дар Душанбе, дар паёми видеоӣ Ҷӯрабек Назриро шахсияти фурӯтан ва дилбаста ба мероси муштараки форсизабонон номид. Ӯ аз нақши ин овозхону олим дар роҳбарии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (дертар ин институт ба ду қисм ҷудо шуд — Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, — аз идора) ва нигаҳдории ганҷинаи нусхаҳои хаттии форсӣ-тоҷикӣ ёд кард.

Озарахш ва Фарзона, asia+
Қаҳрамон Сулаймонӣ, муовини раиси Бунёди «Саъдӣ» (Эрон) нахуст паёми раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро қироат кард, ки дар он Ҷӯрабек Назрӣ «нуқтаи талақии ҳунар ва адабиёт» ва «пасдори шоистаи мероси хаттии Тоҷикистон» унвон шуда буд.
Сулаймонӣ аз дӯстии беш аз 35-солаи худ бо Ҷӯрабек Назрӣ ёд карда, таъкид кард, ки бартарии марҳум дар он буд, ки бар хилофи бисёре аз муҳаққиқону мусиқишиносон, ӯ худ ҳофиз буд. Ба пешниҳоди ӯ, гирдоварии матни сурурдҳои ин овозхони номдори тоҷик боиси пайдо шудани гулчини беҳтарин ашъори форсӣ шуд.
Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ, раиси Хирадсарои Фирдавсии Машҳад (Эрон) ҳам дар суханронии худ таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон» гуфт, ки ошноияш бо Ҷӯрабек Назрӣ дар соли 1994, дар симпозиуми ҳазораи «Шоҳнома» дар Душанбе оғоз шуда буд. Ӯ нақши Назриевро дар равобити Эрону Тоҷикистон хос номид, ки тавонист даҳҳо ҳунарвари эрониро ба Тоҷикистон ва баръакс ҷалб кунад. Ёҳақӣ ду риштаи муҳими алоқаи Ҷӯрабек Назрӣ — хати ниёкон ва ишқ ба Фирдавсиро таъкид карда, пешниҳод намуд, ки Маркази мероси хаттӣ ба номи Ҷӯрабек Назрӣ гузошта шавад.

asia+
Акбар Эронӣ, раиси Маркази мероси мактуб (Эрон) Ҷӯрабек Назриро «кунишгари марзӣ» ва ҳалқаи васл миёни мардум, ҷомеа ва ҳукумат хонд. Ӯ аз ҳамкориҳои дерин, аз ҷумла нашри маҷмӯаи осори Ҷомӣ ва тарҷумаву нашри феҳристи чорҷилдаи нусхаҳои хаттӣ ёд кард. Эронӣ таҳқиқу тасҳеҳи Ҷӯрабек Назрӣ бар «Девони Воқифи Лоҳурӣ» ва таваҷҷуҳи ӯро ба мероси муштараки адабии Ҳинду Покистон бориз арзёбӣ карда, аз сафари соли 2017 ба Туркия барои сабти осори Мавлоно ҳикоят кард.
Профессор Қобилҷон Раҳимов аз Ӯзбекистон гуфт, ки номи Ҷӯрабек Назрӣ дар Ӯзбекистон хеле маъруф аст ва кормандони Институти шарқшиносии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Бухоро аз феҳристи чорҷилдаи нусхаҳои хаттии форсии ӯ фаровон истифода мебаранд.
Профессор Рамазон Абдулатифов, сафири пешини Русия дар Тоҷикистон, эҳтироми хоси худро ба мардуму фарҳанги тоҷик баён карда, аз китоби худ «Халқи тоҷики ман» сухан гуфт. Ӯ ёдовар шуд, ки бо Ҷӯрабек Назрӣ ошно буд ва ба чорабиниҳои ӯ даъват мешуд.

Рамазон Абдулатифов, asia+
Рӯнамоии китобҳо ва бахшҳои сонӣДар ҷараёни ҳамоиш чанд асари тоза рӯнамоӣ шуд, аз ҷумла китобномаи шарҳиҳолии Ҷӯрабек Назрӣ, асари «Захираи Хоразмшоҳӣ"-и Исмоили Ҷурҷонӣ, ки бо таҳияи Ҷӯрабек Назрӣ ба нашр расидааст, китоби «Ҷӯрабек Назриев — олим, муғаннӣ ва инсон» ва осори мунтахабӯ дар се ҷилд, ки бо саъю талоши фарзандонаш ба чоп расидааст.
Амирбек Мӯсо, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки сад суруди Ҷӯрабек Назрӣ ба нота гирифта шуда, дар шакли китоб ба чоп расидааст.

Амирбек Мӯсоев, asia+
Инчунин, дар ду бахши дигар — бахши фарҳангӣ бо иҷрои суруду мусиқӣ бо ҳузури Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев, Исмоил ва Давлат Назриевҳо, Файзалӣ Ҳасан ва бахши сонӣ нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар фарҳангу ҳунар ҳамоиш идома кард.
Дар маҷмӯъ, иштирокдорони ҳамоиш мероси илмиву ҳунарии Ҷӯрабек Назриро ҳамчун ганҷинаи арзишманди маънавии миллат номида, гуфтанд, зиндагиву фаъолияти ӯ барои насли ҷавони олимону фарҳангиён мояи ибрат аст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)