Панҷсолагии тасаллути Толибон: Созмони Милал аз авҷи буҳрони ҳуқуқи занон дар Афғонистон хабар дод
Ин ниҳод рӯзи чоршанбе, 12-уми август, дар баёнияе гуфтааст, ки дар панҷумин соли тасаллути Толибон, Афғонистон ҳамчунон ягона кишвари ҷаҳон аст, ки дар он духтарон аз таҳсилоти миёна ва занон аз таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд.
Бахши занони Созмони Милал дар ин баёния гуфтааст: «Панҷ сол пас аз ба қудрат расидани Толибон дар августи соли 2021, Афғонистон ҳуқуқи нисфи аҳолии худро ба тави систематикӣ аз байн бурда ва ба намунаи беҳамто дар ҷаҳони имрӯз табдил шудааст».
Ин ниҳод афзудааст, ки мақомоти Толибон аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ беш аз 100 фармон бар зидди занон ва духтарон содир кардаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳоди Созмони Милал, Толибон табъизро ҷобаҷо карда ва шадидтарин буҳрони ҳуқуқи занонро дар ҷаҳон амиқтар сохтаанд.
Бар асоси назарсанҷие, ки ин ниҳод анҷом додааст, беш аз нисфи занон гуфтаанд, ки дар моҳ ду бор ё камтар аз хона берун мераванд.
Аксари онҳо гуфтаанд, ки ҳангоми берун рафтан аз хона бидуни маҳрам, эҳсоси ноамнӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин маҳдудиятҳо ҳамчунин, ба шиддат гирифтани буҳрони солимии равонӣ дар миёни занон сабаб шудаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)