12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
Дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мегардад.
Имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мешавад. Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар гардидааст.
Шумораи ҷавонони то 35-солаи хизматчиёни давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026 9 ҳазору 300 нафарро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1 ҳазору 755 нафар фаъолият менамоянд. Ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мутаносибан 184 нафар ва 10 нафар зиёд мебошад.
Ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ҳамчун неруи созанда ва ояндасози мамлакат бояд бо истифода аз имконияти фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш ва малакаи касбиро пайваста такмил дода, дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва рушди устувори кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Барои амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст. Дар заминаи барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ мегарданд.
Тавре Сарвари давлат иброз намудаанд, «ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, зеро Тоҷикистон давлати ҷавонон аст».
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)