< Борони шадид ҳам монеъ нашуд. Ҷашнвораи мошинҳои қадимаву нодир ва муосир чӣ гуна гузашт? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Борони шадид ҳам монеъ нашуд. Ҷашнвораи мошинҳои қадимаву нодир ва муосир чӣ гуна гузашт?

Борони шадид ҳам монеъ нашуд. Ҷашнвораи мошинҳои қадимаву нодир ва муосир чӣ гуна гузашт?
Рӯзи шанбеи 20-уми июн дар майдони «800-солагии Маскав"-и пойтахт ҷашнвораи анъанавии Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» бо номи «Ҷашнвораи мошинҳои қадимаву нодир ва муосир» («Retro & New Cars Fest») баргузор шуд. Ҳатто борони шадид ҳам натавонист ҷашнвораро лағв кунад.

Дар доираи ин ҷашнвора дар маркази пойтахт якҷо бо намоиши мошинҳои қадимаву нодир ва замонавӣ, инчунин барномаи консертии сарояндагони муосири тоҷик, ки сурудҳои мондагор месароянд, доир шуд.

Меҳмонон чӣ гуна зери борон мондаанд ва чӣ хел ҷашнвора ба як ҷашни ҳақиқии оилавӣ табдил ёфт? Мусобиқаҳо, туҳфаҳо ва консерти бошукӯҳи ситораҳои эстрадаи тоҷик пас аз ғуруби офтоб — ҳамааш дар гузориши мо:




Шарики расмии ҷашнвора — Холдинги байналмилалии автомобилии «Вектор».

Ҳамкори боэътимоди чорабинӣ — «Фридом Бонк Тоҷикистон».

Сарчашма: asiaplus.news ​

Комментарии (0)

Оставить комментарий