< Барои сабти ном ва баҳисобгирии беморон. Дар Душанбе бо 3 млн сомонӣ барномаи “eTib” роҳандозӣ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Барои сабти ном ва баҳисобгирии беморон. Дар Душанбе бо 3 млн сомонӣ барномаи “eTib” роҳандозӣ мекунанд

Барои сабти ном ва баҳисобгирии беморон. Дар Душанбе бо 3 млн сомонӣ барномаи “eTib” роҳандозӣ мекунанд
Дар 6 беморхонаи шаҳри Душанбе ба таври санҷишӣ барномаи «eTib» роҳандозӣ мешавад, ки барои сабти ному баҳисобгирии беморон ва дигар хидматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Барои сохтани барнома 2 миллиону 970 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, ширкати «Ватан ИКТ» бояд онро то охири имсол сохта ва дар беморхонаҳо роҳандозӣ кунад.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, 6-уми май корхонаи «Шаҳри ҳушманд"-и ҳукумати Душанбе бо ширкати «Ватан ИКТ» барои роҳандозии барнома шартнома бастааст.
                                                                   
 Мақомот мегӯянд, бо роҳандозии «eTib» хадамоти сабти ному баҳисобгирии беморон, муҳрзании санадҳои тиббӣ, мудирияти навбатдории пизишкон, хадамоти омору ҳисоботдиҳӣ ва амният, навбатпойии онлайн барои беморон, утоқи шахсии мизоҷ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.  
                                                            
Акси марбут аз asia+

Барои барномаи озмоишӣ кадом беморхонаҳои шаҳри Душанбе интихоб шудаанд, маълум нест.

Радиои Озодӣ менависад, ки «Ватан ИКТ» ширкатест, ки барои мактабҳои миёнаи Душанбе барномаи «eDonish"-ро сохтааст, ки шикотяҳо аз кори он кам нест. Ин ширкат ҳамчунин барои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низоми электронии сабти шикоятҳо ва барои дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон барномаҳои электронӣ сохтааст.

Дар пайи бастани шартномаи дар бораи роҳандозии ин барнома, намояндагони корхонаи «Шаҳри ҳушманд» барои омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар бахши рақамисозии идораи давлатӣ ва тандурустӣ ба Бишкек рафтаанд.
КВД «Шаҳри ҳушманд» навиштааст, ки дар ин сафар, ки аз 11 то 13-уми июн идома кард, бо намояндагони шаҳрдории Бишкек, Вазорати тандурустӣ ва як қатор беморхонаҳо дидор доштаанд.

Намояндагони корхонаи «Шаҳри ҳушманд» барои омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар бахши рақамисозии идораи давлатӣ ва тандурустӣ ба Бишкек рафтаанд. Акс аз КВД «Шаҳри ҳушманд»
                                    "                                          
Манбаъ гуфтааст, дар ин вохӯриҳо масъалаҳои рушди низоми иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ва истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ баррасӣ шудаанд.
                                         
Ду ҳафта қабл, Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки барномаи «Таваллуди бехатар"-ро барои занони ҳомила роҳандозӣ мекунад. Ин ниҳод гуфт, ки роҳандозии барнома дар доираи рақамикунунии низоми тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Вазорат умед дорад бо роҳандозии барнома дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ, сатҳи огоҳии аҳолӣ дар робита ба саломатии модару кӯдак баланд мешавад.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий