Ҳалокати як афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими видоъ бо Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби «Маҳмади Вандам», субҳи 15-уми июн дар деҳаи Восеъободи калон, баргузор шуд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, тобути Маҳмадҷон Бозоровро як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.
Маҳмадҷон Бозоров аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид ва аввали соли 2025 нопадид шуда буд.
Ӯ то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.
Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.
То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)