< Хунсупорӣ дар Тоҷикистон. Ба кӣ фоидаву ба кӣ зарар дорад ва дар куҷо хун супоридан мумкин аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хунсупорӣ дар Тоҷикистон. Ба кӣ фоидаву ба кӣ зарар дорад ва дар куҷо хун супоридан мумкин аст?

Хунсупорӣ дар Тоҷикистон. Ба кӣ фоидаву ба кӣ зарар дорад ва дар куҷо хун супоридан мумкин аст?
Ҳамасола, 14-уми июн Рӯзи ҷаҳонии донори хун таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, сокинон ҳарчӣ бештар барои супоридани хун ба марказҳои хунсупорӣ мераванд, инчунин, аҳолиро ба хунсупорӣ тарғиб мекунанд. Воқеан, хунсупорӣ ба саломатии инсон фоида дорад ё зарар? Он ба кӣ тавсия дода мешаваду ба кадоме не? Кушиши кардем ба ин ва дигар суолҳо посух ҷӯем.

Маҳинбону Давлатова, сокини Душанбе гурӯҳи хуни дуюми мусбӣ дорад ва аллакай 16 сол аст, ки мунтазам хун месупорад. Барои ӯ хунсупорӣ ё донорӣ танҳо як амали тиббӣ нест — ин масъулияти инсонӣ ва василаи кӯмак ба дигарон аст.
Ӯ гуфт, бори аввал дар 24-солагӣ, ҳангоми таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ тасмим гирифт донор шавад.
                                    "                                          
»Дарси ҷарроҳӣ доштем, бояд мо хуни ройгон месупоридем ва омӯзгор гуфт, агар касе хоҳиш дорад, хун супорад ва ду рӯз аз дарсҳо озод аст. Аксари донишҷӯён барои аз дарс озод шудан мерафтанд. Ман баръакс — хун супорида, боз ба дарс баргаштам», — нақл кард Давлатова.
                                         
Маҳинбону Давлатова. Акс аз муаллиф

Аз ҳамон рӯз хунсупорӣ ба як ҷузъи зиндагии ӯ табдил ёфт. Маҳинбону то ҳол ягон тағйироти манфӣ дар худ эҳсос накардааст ва мегӯяд, баъди супоридани хун худро сабук ҳис мекунад.

Мутахассисони соҳаи тиб ҳам мегӯянд, хунсупорӣ ба саломатии одам фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд ва системаи иммунитети шахсро низ мустаҳкам мекунад.

Азмиддин Қудбиддинов, корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии хун мегӯяд, супоридани хун имрӯз як раванди комилан бехатар аст ва  ҳангоми супоридани хун танҳо системаи тозакардашудаи якдафъаина истифода бурда мешавад, ки хатари сироятёбӣ аз байн меравад.
                                    "                                          
»Ҳамасола дар Тоҷикистон то 95 ҳазор нафар хун месупоранд. Ин нишондиҳанда аҳамияти баланди донориро дар ҷомеа инъикос мекунад. Ҳар сол бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ба 15 донори фаъол мукофоти давлатии «Донори ифтихорӣ " дода шуда, бо тӯҳфаҳо қадр мешаванд"-гуфт ҳамсуҳбати мо.
                                         
Акс аз муаллиф

Ба таъкиди ӯ, ҳар касе, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад ва вазнаш аз 50-60 кг зиёд аст, пас аз гузаштан аз муоинаи ройгони тиббӣ метавонад, донор шавад.

Вале ба гуфтаи вай, як қатор маҳдудиятҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, нафароне, ки ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ҳепатити В, С ва Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ), сифлис ва ё ягон бемориҳои сироятии ба ҳаёти шахс хатарнок дошта бошанд, донори хун шуда наметавонанд.

Маҳмадзабур Қосимов, ҷарроҳи дилу рагҳои Бемористони Ибни Сино мегӯяд, бо пешрафти илму техника дар  рафти аксари ҷарроҳиҳо ниёз ба гузаронидани хун то ҳадде камтар шудааст, вале дар  ҳолатҳои вазнин гузаронидани хун барои наҷоти бемор хеле зарур аст.

Маҳмадзабур Қосимов. Акс аз муаллиф
                                    "                                          
»Бо шарофати донорон, аз ҷумла дар рафти ҷарроҳии дил, алалхусус ҳангоми ҷарроҳии аневризмаи шоҳраг бо порашавии он, ивази даричаҳои дил, бартарафкунии нуқсонҳои модарзодии дил ва ҳолатҳои таъҷилии осеббинии дилу рагҳо бо хунрезии шадид гузаронидани хун ва дигар ҷузъиётҳои он ба ҳазорон бемор имкони зиндагии нав медиҳанд», — гуфт ӯ
                                         
 Ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, ҳоло норасоии гурӯҳи хун дар кишвар вуҷуд надорад, ҳамаи намуди гурӯҳи донорони хун ба зудӣ пайдо мешавад. Вале дар миёни аҳолӣ гурӯҳҳои чоруми хун ва резуси манфӣ камтар вомехӯранд.

Маҳинбону мегӯяд, хунсупорӣ барояш пеш аз ҳама масъулият аст, ки имкон дорад як нафарро наҷот диҳад.

»Организм қобилияти барқарор кардани хун, аз ҷумла хуни талафёфтаро дорад. Пас чаро ман набояд бо хуни худ ба касе кӯмак накунам? Барои касе ин як амали оддӣ менамояд, аммо барои дигаре он метавонад имкони зиндагии дубора бошад», — гуфт вай.

Акси марбут аз муаллиф
                                                                    
Ҳамасола бахшида ба Рўзи ҷаҳонии донорони хун як моҳ ва минбаъд тариқи нақша, маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуда, кормандони соҳаҳои гуногун бар ивази имтиёзҳо, дар ҷои кор хун месупоранд. Яке аз нуқтаҳое, ки ҳамеша хоҳишмандон метавонанд хун супоранд, ин Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар Душанбе ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо мебошад.                                                              Суроғаи марказҳои хунсупорӣ дар кишвар:
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии хун. Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шомансур, кучаи Мирзо Турсунзода 16;
  • Филиали Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилояти Суғд. Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 2А;
  • Филиали Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилояти Хатлон. Шаҳри Бохтар кӯчаи Айни 90;
  • Филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар минтақаи Рашт. ноҳияи Рашт;
  • Филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ВМКБ. Шахри Хоруғ, кӯчаи С. Абдураҳмонов 84;
  • Филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар минтақаи Кӯлоб. шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Борбад 4.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий