< Давлаталӣ Саид ба пайвандони Файзалӣ Раҳимов ҳамдардӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Давлаталӣ Саид ба пайвандони Файзалӣ Раҳимов ҳамдардӣ кард

Давлаталӣ Саид ба пайвандони Файзалӣ Раҳимов ҳамдардӣ кард
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, Файзалӣ Раҳимов, сокини деҳаи Балхиёни ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони худро аз даст дод.

Манбаъ меафзояд, ки Давлаталӣ Саид аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи марҳум кумаки пулӣ ва молӣ расонида, изҳор дошт, ки хонаводаи Файзалӣ Раҳимов минбаъд низ зери ғамхорӣ ва дастгирии доимии мақомоти давлатӣ қарор хоҳад гирифт.
«Пайвандону наздикони марҳум барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳои башардӯстона дар ин рӯзҳои сангини мусибат боиси тасаллӣ ва рӯҳбаландии онҳо мегардад», — навиштааст хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий