Ҳалокати як ронандаи 19-сола дар корхонаи истихроҷи тилло дар Шугнов
Як ронандаи 19-солаи мошини борбардор дар пайи ғарқшавӣ дар обанбори як корхонаи истихроҷи тилло дар деҳаи Зелолаки ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг ҷон бохтааст.
Ин ҳодиса ҳудуди соати 2-и рӯзи 9-уми июн дар корхонаи заршӯйии «Ганҷи Ваҳдат"-и ҷамоати Шугнов рух додааст.
"
Ба гуфтаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро аз об берун оварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Марҳум ду рӯз пас зодрӯз дошта, 20-сола мешуд.
Назари пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия ба расонаҳо маълум нест.
Дар ҳудуди 20 рӯзи охир ин дуввумин ҳодисаи марги кормандон дар корхонаҳои истихроҷи тилло дар Шугнов аст. Рӯзи 23-юми май рух боришоти зиёд, ки боиси фурӯ рафтани кӯҳпора шуд, сабаби ҷон бохтани 4 коргари кони тиллои Шугнов шуда буд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир чанд ширкат ба заршӯӣ машғуланд.
Сарчашма: asiaplus.news

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки «ронанда ҳангоми идораи мошини борбардор (мехлопата) амнияти ҳаракатро таъмин карда натавониста, ба обанбори корхона сарозер шудааст». Аз ин ҷавон М. Давлатзода ном бурда мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро аз об берун оварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Марҳум ду рӯз пас зодрӯз дошта, 20-сола мешуд.
Назари пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия ба расонаҳо маълум нест.
Дар ҳудуди 20 рӯзи охир ин дуввумин ҳодисаи марги кормандон дар корхонаҳои истихроҷи тилло дар Шугнов аст. Рӯзи 23-юми май рух боришоти зиёд, ки боиси фурӯ рафтани кӯҳпора шуд, сабаби ҷон бохтани 4 коргари кони тиллои Шугнов шуда буд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир чанд ширкат ба заршӯӣ машғуланд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)