Дар ҷои хонаҳои сӯхтаи сокинони шаҳри Норак бинои баландошёна месозанд
Ҳукумати шаҳри Норак мегӯяд, ки дар ҷойи хонаҳои сокинони деҳаи Лангари шаҳри Норак, ки ду рӯз пеш пурра сӯхт, бинои 12-ошёна бунёд мешавад. Соҳибкоре, ки ин биноро месозад, ваъда кардааст, ки дар ду ошёнаи аввали бино ба сокинони зарардида ройгон хона медиҳад.
Намояндаи ҳукумати шаҳри Норак имрӯз, 9-уми июн ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳоло ҳуҷҷатгузории замини ин минтақа давом дорад.
"
Назари сокинони зарардида дар робита ба ин масъала, аз махсусан розӣ шуданашаон ба пешниҳоди соҳибкор маълум нест.
Нисфирӯзии 7-уми июн дар як бинои дуошёнаи чӯбӣ дар деҳаи Лангар сӯхтор рух дода, 16 манзили зисти воқеъ дар он пурра ба коми оташ рафт. Дар пайи ин ҳодиса, 14 хонавода, ки 50 нафарро дарбар мегирифт, бесарпаноҳ монданд.
Намояндаи ҳукумати шаҳри Норак гуфт, ки сӯхтор бо сабаби фарсуда шудани симҳои барқи бино сар задааст. Дар ин сӯхтор сокинон чӣ қадар хисорот диданд, маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки хисороти оташсӯзиро муайян мекунанд.
Навори ин воқеа дирӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, вокуниши корбаронро ба бор оварда буд.
Бояд гуфт, ки оташ гирифтани биноҳои баландошёна ва бозору коргоҳҳо дар Тоҷикистон бахусус дар шаҳрҳои калон зиёд иттифоқ меафтад.
Сарчашма: asiaplus.news

»Сокинони зарардида ба имтиёзи соҳибкор розӣ шуданд. Онҳо муваққатан дар хонаи хешовандонашон маскун шудаанд. Вале дар бораи бо хонаи иҷора таъмин кардани сокинон аз сӯйи соҳибкор пешниҳод нашудааст. Ба сокинон кӯмаки ғизоӣ, сару либос ва ғайра расонида шуд», — гуфт манбаъи мо аз ҳукумати ин шаҳр.
Назари сокинони зарардида дар робита ба ин масъала, аз махсусан розӣ шуданашаон ба пешниҳоди соҳибкор маълум нест.
Нисфирӯзии 7-уми июн дар як бинои дуошёнаи чӯбӣ дар деҳаи Лангар сӯхтор рух дода, 16 манзили зисти воқеъ дар он пурра ба коми оташ рафт. Дар пайи ин ҳодиса, 14 хонавода, ки 50 нафарро дарбар мегирифт, бесарпаноҳ монданд.
Намояндаи ҳукумати шаҳри Норак гуфт, ки сӯхтор бо сабаби фарсуда шудани симҳои барқи бино сар задааст. Дар ин сӯхтор сокинон чӣ қадар хисорот диданд, маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки хисороти оташсӯзиро муайян мекунанд.
Навори ин воқеа дирӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, вокуниши корбаронро ба бор оварда буд.
Бояд гуфт, ки оташ гирифтани биноҳои баландошёна ва бозору коргоҳҳо дар Тоҷикистон бахусус дар шаҳрҳои калон зиёд иттифоқ меафтад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)