Оғози давраи дуюми бақайдгирӣ дар Маркази тестӣ. Кӣ ва дар куҷо метавонад худро сабти ном кунад?
Пагоҳ, 10-уми июн марҳилаи дуюми бақайдгирӣ дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз мешавад. Довталабоне, ки дар даври асосии бақайдгирӣ номнавис нашудаанд ва ё мехоҳанд, интихоби худро иваз кунанд, метавонанд, то 30-юми июн ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) пешниҳод кунанд.
Раҳимҷон Юсупов, сухангӯйи ММТ ба «Азия-Плюс» гуфт, ки сабти номи довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт ба роҳ монда шудааст.
Ӯ зикр кард, ки довталабонро зарур аст ҳангоми азнавбақайдгирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ва рақами расиди худро пешниҳод кунанд.
Довталабоне, ки мехоҳанд ихтисосҳои дар марҳилаи якум интихобкардаашонро иваз кунанд, бо пардохти 370 сомонӣ (барои хатмукунандагони синфи 11) ва 320 сомонӣ (барои синфи 9) метавонанд, дар даври дуюм тағйир диҳанд.
"

" "
Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.
Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД аз 29-уми август то 10-уми сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Довталабоне, ки дар даври дуюм аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон комёб нагардиданд метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон мувофиқ аз қайд гузаранд.
Дар марҳилаи чоруми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 20-уми ноябр идома меёбад, танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news

»Онҳое, ки дар давраи дуввум ихтисос интихоб мекунанду мехоҳанд, онҳоро ҳам иваз кунанд, то 30-юми июн имкон доранд: бо пардохти 30 сомонӣ метавонанд, ихтисоси интихобкардаи худро иваз кунанд», — Раҳимҷон Юсупов.Маконҳои бақайдгирӣ дар шаҳру навоҳии кишварро дар баргаҳои мо бубинед:

Қаблан Абдулбосит Шодиниё, муовини раиси ММТ ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ, ки аз 2-юми март то 30-юми апрел идома кард, беш аз 119 ҳазору 175 довталаб сабти ном кардаанд. Ба қавли манбаъ, нақшаи қабул барои соли таҳсили 2026-2027-ум дар умум 121 ҳазору 398 ҷо муайян шудааст.
Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.
Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД аз 29-уми август то 10-уми сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Довталабоне, ки дар даври дуюм аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон комёб нагардиданд метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон мувофиқ аз қайд гузаранд.
Дар марҳилаи чоруми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 20-уми ноябр идома меёбад, танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)