Дастаи футболи Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстонаи худ бар дастаи Ҳиндустон пирӯз шуд
Бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон шоми дирӯз, 5-уми июн,дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Голҳои дастаи Тоҷикистонро дар дақиқаи 8-ум Шериддин Бобоев (аз пеналтӣ), дар дақиқаи 62-юм Меҳрубон Каримов ва дар дақиқаи 68-ум Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расониданд. Ягона голи дастаи Ҳиндустонро дар дақиқаи 89-ум Фарух Чодҳерӣ аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи Рустам Ятимов кард.
Ин ду даста пас аз чаҳор рӯзи ин бозӣ, яъне рӯзи 9-уми июн боз як бозии дӯстона доир мекунанд ва он ҳам дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи Ҳиндустон дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол дар зинаи 136-ум қарор дорад. Тоҷикистон мавқеи 103-юмро касб кардааст.
Бояд гуфт, ин аввалин бозии дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нави даста Игор Ангеловский буд.
Игор Ангеловский, мутахассиси 49-сола аз Мақдуния (Македония)-и Шимолӣ як ҳафта пеш сармураббии нави дастаи футболи Тоҷикистон таъйин шуд.
Ангеловский пештар дастаи мунтахаби Мақдунияи Шимолиро роҳбарӣ карда, бо он дар соли 2020 бори аввал ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо баромадааст. Ҳамакнун, ӯ дастаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)