< Беэҳтиромӣ ба пули миллӣ. Боздошду ҳабси блогер дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беэҳтиромӣ ба пули миллӣ. Боздошду ҳабси блогер дар Душанбе

Беэҳтиромӣ ба пули миллӣ. Боздошду ҳабси блогер дар Душанбе
​Манбаъ навиштааст, ки номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллию меъёрҳои ахлоқӣ дастгир карда шуд.

«Номбурда, ба фаъолияти блогерӣ машғул шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр намудааст, ки дар он амалҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд», — навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба Ашуров Р. барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият тибқи талаботи моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардид.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий