Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд
Тоҷикистон ва Қазоқистон имзои Харитаи роҳ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро дар нимаи дуюми соли 2026 ба нақша гирифтаанд.
Дар ин бора зимни вохӯрии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Айдарбек Сапаров, ҳамтои қазоқаш дар доираи ҳамоиши 35-уми минтақавиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Душанбе таъкид шуд.
Ҷонбиҳо дурнамои густариши ҳамкории мутақобила дар бахши кишоварзӣ, масоили амнияти озуқаворӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои Айдарбек Сапаров, «соли 2025 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар 11,5% афзуда, ба 595 млн доллар расид ва дар соли равон низ тамоюли мусбат ба мушоҳида мерасад: дар се моҳ ҳаҷми савдои дуҷониба 26,1% афзуда, 182 млн долларро ташкил дод».
Ба гуфтаи манбаъ, асоси маҳсулоти содиротӣ аз Қазоқистонро орду гандум, равғани растанӣ, ҷуворимакка, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, ҷониби Қазоқистон омодагии худро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд, коркарди маҳсулоти чорводорӣ, истеҳсоли маснуоти қаннодӣ, равғани растанӣ, шарбатҳои табиӣ ва консентратҳо баён кардааст, ки дар қаламрави Қазоқистон бо ҷалби сармоягузорӣ аз Тоҷикистон сохта мешавад.
Қурбон Ҳакимзода, манфиатдории Тоҷикистонро дар густариши шарикӣ бо Қазоқистон тасдиқ карда, аз имконоти зиёди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдо, коркради маҳсулоти кишоварзӣ, улуми кишоварзӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир зикр кардааст.

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Айдарбек Сапаров дар муколамаи вазирон бахшида ба мавзӯи сармоягузорӣ низ суханронӣ карда, таъкид доштааст, ки Қазоқистон дар низоми ҷаҳонии амнияти ғизойӣ мавқеи муҳими стратегӣ дошта, ба сафи кишварҳои истеҳсолкунандагони бузурги зироати ғалладона дохил мешавад.
Бино ба маълумоти ҷониби Қазоқистон, сол 2025 дар ин кишвар ду сол ҳудуди 27 млн тонна зироати ғалла ҷамъоварӣ шуд. Ғайр аз ин, қариб 5 млн тонна равған аз тухмиҳо ва ҳудуди 1 млн тонна зироати лӯбиёдона истеҳсол шудааст. Дар соли гузашта Қазоқистон 15,3 млн тонна зироати ғалла содир кардааст.
Айдарбек Сапаров зикр кард, ки Қазоқистон ба таҳкими мақоми яке аз марказҳои ғизойӣ будани худ дар Авруосиё ва таъмини таҳвили устувори зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди он ба кишварҳои Осиёи Маказӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон омода аст. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Тоҷикистон ва Қазоқистон омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карданд.
Сарчашма: asiaplus.news

«Табодули мунтазами маълумот дар бораи чорабиниҳо дар соҳаи кишоварзӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмикорӣ, инчунин таҳкими шарикӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ бо шумули табодули донишу таҷриба ва технологияҳоро пешниҳод мекунем. Амалисозии ташаббусҳои муштарак ба таъмини амнияти озуқавории кишварҳоямон ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард», — зикр кардааст вазири кишоварзии Қазоқистон.
Қурбон Ҳакимзода, манфиатдории Тоҷикистонро дар густариши шарикӣ бо Қазоқистон тасдиқ карда, аз имконоти зиёди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдо, коркради маҳсулоти кишоварзӣ, улуми кишоварзӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир зикр кардааст.

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Айдарбек Сапаров дар муколамаи вазирон бахшида ба мавзӯи сармоягузорӣ низ суханронӣ карда, таъкид доштааст, ки Қазоқистон дар низоми ҷаҳонии амнияти ғизойӣ мавқеи муҳими стратегӣ дошта, ба сафи кишварҳои истеҳсолкунандагони бузурги зироати ғалладона дохил мешавад.
Бино ба маълумоти ҷониби Қазоқистон, сол 2025 дар ин кишвар ду сол ҳудуди 27 млн тонна зироати ғалла ҷамъоварӣ шуд. Ғайр аз ин, қариб 5 млн тонна равған аз тухмиҳо ва ҳудуди 1 млн тонна зироати лӯбиёдона истеҳсол шудааст. Дар соли гузашта Қазоқистон 15,3 млн тонна зироати ғалла содир кардааст.
Айдарбек Сапаров зикр кард, ки Қазоқистон ба таҳкими мақоми яке аз марказҳои ғизойӣ будани худ дар Авруосиё ва таъмини таҳвили устувори зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди он ба кишварҳои Осиёи Маказӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон омода аст. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Тоҷикистон ва Қазоқистон омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карданд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)