< Ҳалокати 643 кас дар садамаҳои нақлиётии як соли ахир » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати 643 кас дар садамаҳои нақлиётии як соли ахир

Ҳалокати 643 кас дар садамаҳои нақлиётии як соли ахир
​Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт ҳамчунин 1542 кас ҷароҳат гирифтанд.

Мақомот набастани тасмаи бехатариро аз сабабҳои асосии зиёд будани фавт дар роҳҳо медонанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар кишвар танҳо 24 дарсади ронандагон аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд. Дигар ронандагон танҳо бо дидани нозири роҳ тасмаи бехатариро мебастаанд.

Дар зимн мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат низ аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий