< Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
​Ҷаласа таҳти шиори «Чорроҳаҳои пешрафт: пешбурди ояндаи ба ҳам пайвастаи минтақа» баргузор гардида, дар он беш аз 4 ҳазор коршинос аз зиёда аз 100 давлати ҷаҳон- намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва ширкатҳои пешсаф иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи солонаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд масъалаҳо оид ба трансформатсияи рақамӣ ва иқтисоди «сабз», устувории иқлим, рушди занҷираҳои истеҳсолӣ ва таъминот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар маросими ифтитоҳи ҷаласа доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва кӯшишҳои муштарак дар ин самт, инчунин идомаи дастгирии молиявию техникии лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ, экология, сайёҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити афзоиши таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, афзоиши ноустуворӣ дар бозорҳои энергетикию молиявӣ, инчунин халалдор гардидани занҷираҳои ҷаҳонии таъминот зарурати тақвияти минбаъдаи дастгирии шарикони рушд барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ бештар мегардад.

Инчунин аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоягузориҳо ба инфрасохтори стратегии мамлакат, ки ҷузъи муҳими сиёсати рушди устувори Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд, махсус таъкид гардид


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий