< Борону жола ва тӯфони гарду ғубор. Ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Борону жола ва тӯфони гарду ғубор. Ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон

Борону жола ва тӯфони гарду ғубор. Ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон
​Ҳарорати миёнаи моҳона 1-3 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, дар водиҳо 22-28 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо — 18-21 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣДавоми моҳ ҳарорат тағйир меёбад: дар водиҳо шабона аз 15-20 то 22-27 дараҷа гарм, рӯзона 27-32 то 33-38 дараҷа гарм, дар баъзе рӯзҳо дар ҷануб то 40-42 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 11-16 то 14-19 дараҷа ва рӯзона — аз 20-25 дараҷа то 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боридани борону жола, раъду барқ, тӯфони чангу ғубор ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония дар назар дошта шудааст.
Вилояти СуғдДар ин вилоят ҳарорат 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, дар водиҳо 22-24 дараҷа ва дар кӯҳҳо — 11-14 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат ба чунин андоза дар назар аст: дар водиҳо шабона аз 12-17 то 18-23 дараҷа гарм, рӯзона — аз 27-30 то 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона ҳарорати аз 4-9 то 9-14 ва рӯзона — аз 19-24 то 23-28 дараҷа гарм дар назар аст.

Боришот дар вилояти Суғд низ пешгӯӣ шудааст: ҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан борону жола, раъду барқ ва пурқувват шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония пешбинӣ шудааст.




Ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБҲарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ шуда, 13-18 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ба ин тарз тағйирёбии он пешбинӣ шудааст: шабона аз 4-9 то 10-15 дараҷа гарм, баъзан то 16-21 дараҷа гарм, рӯзона аз 19-24 то 25-30 дараҷа, баъзан то 33-35 дараҷа гарм.

Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боридани борону жола, раъду барқ, тӯфони чангу ғубор ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония дар назар дошта шудааст.
Ноҳияҳои шарқи ВМКБҲарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ шуда, 2-7 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Ҳарорат шабона аз 0-5 дараҷа хунук то 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7-12 то 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар давоми моҳ обуҳавои абрноки итағйирёбанда, баъзан боридани борону барф ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония пешбинӣ мешавад.
Фаромадани селҳову ифлосшавии ҳавоҒайр аз ин, Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки аввали моҳи май бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи тобеи марказ ва ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 1-2 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин 2-3 май дар минтақаҳои шарқии ВМКБ ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Оҷонсӣ ба шаҳрвандон тавсия додаааст, ки дар чунин вазъи номусоиди ҳаво аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий