< «ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
​Дар даври якуми маҳфил — озмуни «Тоҷикистони ман!» 1750 нафар иштирок намуда, 254 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Мақсади гузаронидани маҳфил-озмун аз таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун давлати дорои таърихи қадимӣ иборат буд.

Иштирокчиёни озмун тибқи талаботи Низомнома дар назди ҳайати ҳакамон баромад намуданд.

Дар асоси ҷадвал аз ҷониби комиссия ба ҳозирҷавобӣ, маълумоти мухтасар дар бораи асар ва тарзи қироати ғазал аз осори шоирони классики тоҷику форс аз ҷониби иштирокчиён баҳо гузошта шуд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий