< Арӯси нопадидшударо дар шаҳри Бохтар пайдо кардаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Арӯси нопадидшударо дар шаҳри Бохтар пайдо кардаанд

Арӯси нопадидшударо дар шаҳри Бохтар пайдо кардаанд
​Яке аз пайвандонаш рӯзи дуюми апрел гуфт, «ӯ дар онҷо дар як хона бо духтарон зиндагӣ мекардааст».
Ҷузъиёт маълум нест.

Ба суоли наздикон, кӣ чаро ин корро кард, С. Д. аз бародари шавҳараш шикоят карда, гуфтааст, ӯро азият медод ва дар ғайби шавҳараш мехост, ба утоқи хоби вай ворид шавад.

Наздикони шавҳари С. Д. қаблан дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои ҷониби арӯсро рад карда буданд.
Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми март аз нопадид шудани С. Д. хабар дод.

Пайвандонаш гуфта буданд, ӯро ҷустуҷӯ доранд ва ба нақли онҳо, вай дар пайи як моҷарои оилавӣ бедарак шуда буд.
С.Д. моҳи сентябри соли 2025 издивоҷ кардааст.

Бино бар эълонҳои ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар, аз ҷумла занону духтарон бедарак мешаванд. Афроди нопадидшудае низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аз онҳо нишоне пайдо нагаштааст.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий