Дар пайи сангрезӣ дар Ванҷ як навсарбоз ҳалок ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд
Ҳодиса баъд аз нисфирӯзии дуюми апрел дар мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷ рух додааст
Манобеи Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ванҷ гуфтанд, ки ҷасади Максим Айдарбеков, навсарбози 18-сола ба зодгоҳаш, ноҳияи Шуғнон, бурда шудааст. Панҷ тан аз захмишудаҳои дигар, ки зодагони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, тариқи чархбол барои табобат ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Навсарбозони захмишуда аз 20 то 26 сол доранд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, сангҳои аз кӯҳ кандашуда ба миёнаҷои автобус бархӯрда, сабаби ин садама шудааст.
Ин автобус ва корвони мошинҳои дигар бояд навдаъватшудаҳоро аз Хоруғ то пойтахт мерасонданд.
Тасдиқи расмии ин хабар ва ҷузъиёти бештар ҳоло дастраси Радиои Озодӣ нест.
Ҳодиса як рӯз пас аз маросими гусели даъватшавандаҳои вилояти Бадахшон ба артиш, рух додааст.
Саҳифаи фейсбукии «Pamir Insaid» навори ин автобусро нашр кардааст:

Маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» ва раҳпаймоии оммавӣ дар шаҳри Хоруғ бо ширкати шумори зиёди намояндагони мақомот, сарбозону афсарон ва даъватшавандаҳо рӯзи якуми апрел баргузор шуд.
Раиси вилояти Бадахшон дар ин чорабинӣ аз он ситоиш кардааст, ки дар 8 соли ахир вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ иҷро мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофеаи Тоҷикистон гуфт, дар ду рӯзи аввали моҳи апрел нақшаи даъват ба артиш беш аз «54 дарсад иҷро шуд».
Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш дар рӯзи аввали даъват аз иҷро шудани нақша хабар додаанд.
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз ва то охири моҳи май идома мекунад.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)