< “Ҷасадҳоро дафн карданд, таҳқиқ оғоз шуд.” Кушта шудани ду зану як кӯдак дар Кӯлоб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҷасадҳоро дафн карданд, таҳқиқ оғоз шуд.” Кушта шудани ду зану як кӯдак дар Кӯлоб

“Ҷасадҳоро дафн карданд, таҳқиқ оғоз шуд.” Кушта шудани ду зану як кӯдак дар Кӯлоб
​Сабаби куштор ҳанӯз маълум нест.

Ҳодиса дар маҳаллаи 8-уми Кӯлоб рух дода, ҳанӯз гумонзад ё гумонбарҳо ба қатл боздошт нашудаанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шуд.
Ҳамсуҳбати дигари мо дар мақомоти интизомӣ гуфт, дар бадани хоҳарон, Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, ки ҳомила будааст, панҷ зарби кордро диданд.

Ба қавли ӯ, Абубакр Қурбонов, писари шашсолаи Таҳмина, аз ду зарби корд захмӣ шуда, дертар дар бемористони шаҳр ҷон бохтааст.
Шомаҳмад Қурбонов, падари Зуҳро ва Таҳмина, дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар ҳолати афсурдагӣ аст ва намедонад, ки чаро ду духтар ва як наберааш бераҳмона кушта шудаанд. Ӯ хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса аст.

Намози ҷанозаи ин се нафар рӯзи 2-юми апрел дар масҷиди ҷомеи Кӯлоб, ки бо номи масҷиди «Мулло Ҳайдар» маъруф аст, баргузор гашт.
Аз аввали сол бори сеюм аст, ки дар Кӯлоб куштори пурсарусадо рух медиҳад.

Рӯзи 8-уми феврал Қурбоналӣ Маҳмудов, як сокини Кӯлоб дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати «Кӯлоб Таксӣ» буд.

Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ як ҳамсолашро гумонбар дониста, боздошт кардаанд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий