Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук
Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи мошини боркаш будааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми содироти маҳсулот ба хориҷа, мӯҳри кормандони гумрукро нусхабардорӣ ва дар Русия муҳри қалбакиро омода кардааст.
Манбаъ афзуд, номбурда муҳри қалбакиро ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои худ истифода мебурд ва бидуни навбат ва пеш аз вақти муайяншуда бор ва мошини худро аз сарҳад интиқол медод.

Мақомот баъди ошкор шудани ин кирдори Эркинов, нисбати ӯ бо иттиҳоми сохтакории мӯҳр (моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба Додситонии ноҳияи Мастчоҳ ирсол кардааст.
Аммо маълум нест, ки ин амали ӯ кай ва дар кадом шароит ошкор шудааст.
Аз Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ки парванда баъди баррасӣ ба ин идора ворид шудааст, ба мо гуфтанд, Наимбой Эркинов бо ҳукми додгоҳ 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудааст.
Бояд гуфт, ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, давоми соли 2025 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1719 қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 385 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, соли гузашта 26 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)