Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?
Аз ҷумла, бозори «Корвон»,"Корвон-плюс« ва „Корвон-ситӣ“ рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 25-уми март ба кор оғоз мекунанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, чун 20-уми март рӯзи Иди Фитр аст, ҳамаи бозорҳо дар ин рӯз кор намекунанд. Чанде аз бозорҳои калони пойтахт аз ҷумла, бозорҳои „Деҳқон“, „Саховат“ ва „Сафариён“ дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз кор хоҳанд кард.
Рӯйхати ин бозорҳоро дар баргаҳои мо бубинед:

Бояд гуфт, сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон аз 20 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ аз 30-юми март рӯзи корӣ эълон шудааст.
Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар „Наврӯзгоҳ“, соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)