Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
Ҳамчунин, мувофиқи санад, дар ҳолати таҳдид ба шаҳрвандон ва расидани зарар ба аҳолӣ, шикори 10 сар хирси маллаи тиёншонӣ низ иҷоза дода мешавад.
Теъдоди муайяншуда бо соли гузашта қариб баробар буда, танҳо миқдори квотаҳо барои шикори бузи Морхӯр 4 адад зиёдтар аст.
Шикори ин теъдод гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ дар кишвар аз 1-уми сентябри соли 2026 то 1-уми марти соли 2027 ва хирси маллаи бухороӣ то 31-уми августи соли 2027 эътибор дорад.

Ғурм
Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои додани иҷозатномаҳо ва назорати онҳо масъул аст.
Ҳамчунин, дар санад гуфта мешавад, ки Хадамоти гумрук бояд мувофиқи ин қарор воридот ва содироти ҳайвоноти ваҳширо назорат кунад.
Бояд гуфт, арзиши гирифтани иҷозатнома барои шикори ҳайвоноти нодир барои имсол маълум нест ва он аз сӯйи ҳукумати кишвар муқаррар мешавад.

Морхӯр
Моҳи июли соли гузашта дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфта буданд, арзиши иҷозатномаи шикори гӯсфанди Ғурм 55 ҳазор сомонӣ, бузи Морхӯр 408 ҳазору 678 сомонӣ ва гӯсафнди кӯҳии бухороӣ 32 ҳазору 873 сомонӣ аст.
Ба иттилои мақомот, ба ҳолати соҳи июли соли 2025 дар кӯҳҳои кишвар 31 ҳазор гӯсфанди Ғурм, 6 ҳазор бузи Морхӯр, зиёда аз 6 ҳазор гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва тақрибан 800 хирси тиёншонӣ ба сар мебаранд.

Зимнан, ахиран вакилони парлумон рӯзи 11-уми марти имсол ба қонун «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» тайғирот ворид карданд.
Дар сурати имзои ин қонун, барои гирифтани роҳхати шикор дар ҳудуди кишвар ба таври ғайринақдӣ бояд пардохт кард.
Бояд гуфт, ҳоло дар кишвар шикори ҳайвоноти нодир музднок буда, тартиби пардохти маблағи роҳхати он аз ҷониби ҳукумати кишвар муайян ва ситонида мешавад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)