< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
​​Дар ноҳия сохтмони фабрикаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда идома дорад. Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 4 миллион сомонӣ дар марҳилаи аввал бунёд гардида, барои таъсиси 15 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки бо ба истифода додани ин иншооти истеҳсолӣ имконияти рушди соҳибкорӣ дар деҳа низ густариш меёбад. Он инчунин ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулло Неъматов ба маблағи 450 000 сомонӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Сокинон ва наврасон бунёди майдончаи варзиширо бо хушнудӣ истиқбол карданд.

Ҳамчунин дар ин деҳа  сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 идома дорад. Бинои иловагии муассиса бо озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ барои беш аз 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот сеошёна буда, аз 15 синфхона иборат хоҳад буд.

Сохтмони бинои иловагӣ ба фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал мусоидат менамояд.


Сарчашма: khovar.tj​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий