< Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво

Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
​Ин ниҳод, бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе вилоятҳо ғафсии қабати барф то 30 сантиметр расида, инчунин сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Ба ғайр аз ин, хатари фаромадани сангу омадани сел дар роҳҳо вуҷуд аст.


Вазорат гуфтааст, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои ахир дар қаламрави ВМКБ ва водии Рашт, селу тарма фаромада, ба чанд роҳи мошингарди кишвар зарар расонидааст.

«Дар километри 661-уми роҳи байналмилалии „Душанбе — Кулма“, дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи автомобилгарди „Рӯшон — Бартанг“ тарма фаромада, дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад, ки ҳаракати нақлиётро халалдор кард», — гуфтааст ин ниҳод.

Ҳамчунин, вазорат гуфтааст, ки дар ноҳияҳои водии Рашт, бахусус дар Нуробод, Сангвор ва Лахш низ борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардидааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз моҳи феврал то имрӯз, дар роҳи байналмилалии автомобилгарди «Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон» ва роҳи автомобилгарди «Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб» фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст.


«Офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори он осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид», — омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

[media=]

Вазорат гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кишвар барқарор гардидааст.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий