< Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?

Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
​Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 таваллуди дугонику чоргоник кам, вале ба дунё омадани сегоник зиёд шудааст. Соли 2024 дар кишвар таваллуди 2 ҳазору 180 дугоник, 27 сегоник ва 4 чоргоник сабт шуда буд.

Соли гузашта таваллуди дугоникҳо дар минтақаҳо чунин будааст:

— 742 дар вилояти Хатлон;
— 658 дар вилояти Суғд;
— 242 дар Душанбе;
— 14 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Сегоникҳо соли 2025 дар Хатлон бештар ба дунё омадаанд:
— 10 дар Хатлон,
— 9 дар Суғд,
— 7 дар Душанбе,
— 4 дар ноҳияҳои тобеи марказ,
— 1 дар ВМКБ.
Чоргониҳо яке дар вилояти Хатлон ва дигаре дар вилояти Суғд таваллуд шудаанд.

Солҳои пеш низ дар Тоҷикистон тавлиди чоргоник ва ё зиёда аз он сабт гардида буд. Аксари ҳукумати кишвар ва шахсони алоҳида ба волидайни тифлон кӯмакҳо, аз ҷумла хона медоданд.
Моҳи январи соли 2023 бошад, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори нахуст дар Тоҷикистон 6 нафар — ду писару 4 духтар таваллуд шуд, вале баъди як рӯз тифлони навзод фавтиданд.

Бояд гуфт, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст. Тибқи омори расмӣ шумораи аҳолӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 2% ё 200 ҳазор нафар меафзояд.
То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. 

Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 ҷамъияти Тоҷикистон аз 11 миллион нафар мегузарад.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий