< Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо хабар дода, гуфт, ки ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро «таҳвили сол» меномиданд.

«Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд», — изҳор дошт ӯ.

Бӯризода бо пешниҳоди акси поин ба «Азия-Плюс» гуфт, ки он «тавассути барномаи Stellarium сохта ва дар он мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Дар акс дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад».



Ҳоло дар кишвар моҳи Рамазон идома дорад, ки то 20-уми март давом мекунад. Маъмулан баъди тамом шудани ин моҳ, Иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 21-уми март рост меояд.  
Бояд гуфт, соли 2025 дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расида буд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад.

Бо вуҷуди он ки Наврӯз ҳар сол дар вақтҳои гуногун-асосан аз 19 то 21-уми март фаро мерасад, он дар кишвар расман рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва таҷлили он чандин рӯз давом мекунад. 

Бодя гуфт, ки Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардуми тоҷик , ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. Ин ҷашни навшавии ҳаёти табиӣ аз рӯйи гардиши нуҷумӣ аст ва баёнгари он аст, ки ниёгони мо аз оғози таърих мардумони мутамаддин ва илмдоре буданд, ки илмитарин ҷашни дунёро асос гузоштанд.

Ҷашни наврӯз анъанаву русуми худро дошта, мувофиқи ривоятҳо таърихи аз се то шашҳазорсола дорад. Он нахустин рӯзи солшумории офтобӣ, ҷашни сари сол ва Соли нави мардуми эронитабор аст. Дар қадим он дар рӯзи якуми Фарвардинмоҳ, ки ба 20-21 март мувофиқ меояд, таҷлил мегардид. Худи Наврӯз баробарии шабу рӯзи баҳорӣ буда, ифодагари оғози баҳор ва кишту кор аст.

Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Дар моҳи феврали соли 2010, бо ташаббуси Тоҷикистон, иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ тавр то имрӯз миёни мардум зинда мондааст, дар ин маводи мо бинед: Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий