< Омӯзгорро барои шаппотӣ задани хонанда ҷазо доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омӯзгорро барои шаппотӣ задани хонанда ҷазо доданд

Омӯзгорро барои шаппотӣ задани хонанда ҷазо доданд
​Ба гузориши хабаргузории «Азия-Плюс», омӯзгор Фарҳод Назаров ба 200 соат кори ҳатмӣ маҳкум шуда, аммо ҳақ дорад ба фаъолияти омӯзгорӣ идома диҳад. Вокуниши ин омӯзгор ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Алайҳи ин омӯзгор бар асоси моддаи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) парванда боз шуда буд. Ин модда аз 15 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Шаппотӣ задани хонанда, ки боиси парвандаи ҷиноятӣ омӯзгор гардид, моҳи сентябри соли 2025 рух додааст. Он вақт наздикони Меҳмед Бозорови 17-сола иддао карда буданд, ки рӯзи 6-уми сентябр ӯро Фарҳод Назаров, омӯзгори забони англисӣ лату кӯб кардааст ва ӯ 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд.

Идораи маорифи ин шаҳр ҳодисаро тасдиқ кардааст, вале осеб дидани хонандаро рад кардааст. Фарҳод Назаров пештар гуфта буд, хонанда дарсро вайрон карда ба гапҳои ӯ гӯш надод. Ин ҳодиса вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий