< Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия...

Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия...
​Ду фурӯшандаи гӯштро дар Душанбе барои  «итоат накардан ба амри корманди милитсия…» дар робита ба қимат фурӯхтани ин маҳсулот дар моҳи Рамазон 5 шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Дар ин бора пулиси пойтахт рӯзи 22-юми феврал хабар дода, аз ин гӯштфурӯшон Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов ном бурдааст.

Онҳо бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳабси маъмурӣ шудаанд. Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки онҳо барои итоат накардан ба амри корманди милитсия… ё моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳабс шуданд. Ин банди қонунгузорӣ аз 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима то 30 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки онҳо қаблан барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо расман огоҳӣ гирифта буданд, «бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ дидаву дониста гӯштро ба шаҳрвандон бо нархи баланд ба фурӯш гузоштаанд».
Дар ҳамин ҳол, мақомот нагуфтаанд, ки ин гӯштфурӯшон кадом меъёри таъинкунандаи нархи гӯштро риоя накардаанд.
Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.



Ин ниҳод бори дигар фурӯшандаҳоро огоҳ кардааст, ки «аз худсарона баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ намоянд».

Дар 4 рӯзи моҳи Рамазон, ин дуввумин ҳолати ҷазои фурӯшандаҳои гӯшт барои қимат фурӯхтани ин навъи маҳсулот дар пойтахт аст. Дар рӯзи аввалаи моҳи Рамазон, 19-уми феврал мақомот ду фурӯшандаро барои гарон кардани нархи гӯшт, 4 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ карда буданд.

Аз ин пештар, бо оғози Рамазон пулиси пойтахт аз тоҷирону соҳибкорон хост, дар ин моҳ «инсофро пеша карда», нархи маҳсулотро ба таври маснуӣ гарон накунанд.  Ин ниҳод дар изҳороте ба тоҷирон ҳушдор дод, ки дар акси ҳол, нисбати нафароне, ки нархҳоро баланд мебардоранд, «чораҳои дахлдор» меандешад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҷаримаи фурӯшандаҳо нархи гӯштро поин намебаранд. Ба таъкиди онҳо, он метавонад муваққатан фурӯшандагони ҷудогонаро нигаҳ доранд ва онҳоро маҷбур созанд, ки иловапулиҳои пӯшидаро истифода набаранд ё қоидаҳои савдоро риоя кунанд, вале ба омилҳои калидии иқтисодӣ, ки арзиши гӯштро ташкил медиҳанд, таъсир намерасонанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки нархи гӯшт пеш аз ҳама бо сабабҳои воқеӣ (объективӣ) боло меравад: гароншавии хӯрока, сӯзишворӣ, логистика, камшавии саршумори чорво ва афзоиши нархи ашёи хоми воридотӣ. Ҳеҷ кадом ҷарима ба бартараф намудани ин сабабҳо қодир нест.

Ғайр аз ин, рейдҳои шадид ва фишор болои фурӯшагндагон метавонад ба самараи баръакс боис гардад. Агар соҳибкорон ба хавфу хароҷоти иловагӣ дучор шаванд, ҳамаи ин хароҷотро ба арзиши маҳсулот дохил карда, дар натиҷа гӯшт боз гаронтар мешавад.

Бештар дар бораи он ки нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад, дар ин пайванди маводи мо хонед.


Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий