Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Раёсати ВКД дар Хатлон як сокини 35-солаи ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони куштори хазинадори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и «Азия-Нефт» боздошт кардааст. Ин ниҳод аз гумонбар Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов ном бурда, гуфтааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ Қандаҳор Ғиёсови 51-соларо корд задааст.
Мақомот дар як гузориш гуфтаанд, ки гумонбар бо марҳум шинос ва аз вай 8 ҳазор сомонӣ қарздор будаааст, ки маҳз ин додугирифт сабаби муноқишаи лафзӣ байни онҳо гардида, оқибат ба марги Ғиёсов анҷомидааст.
Манбаъ гуфтааст, ки Абдусаммадов рӯзи 12-уми феврал нахуст барқи НФС-ро хомӯш кардаааст. Баъдан, вориди ҳуҷраи хазина гардида, «ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида» беш аз 20 корд зада, аз сандуқ 22 ҳазору 605 сомониро гирифтаву фирор мекунад. Дар пайи зарбаҳои корд, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

«Кордчаро аз корхона гирифтам, барқро худам куштам, дарро худаш боз кард, чанд кордча задам, дар он ҳолат намедонам. Аз хизина пулҳоро гирифтам ва рафтам»,-нақл кардааст гумонбар. Навори иқрори ӯ таҳти чӣ шароит сабт шудааст, маълум нест.
Назари пайвандони марҳум дар робита ба ин қазия маълум нест.
Раёсати ВКД дар Хатлон гуфтааст, ки баъди як рӯзи ҳодиса гумонбарро дар ҳоле ки қасди фирор ба вилояти Суғдро доштааст, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кардаанд.
Ҳоло алайҳи Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов бо гумони «одамкушӣ» (моддаи 104, қисми 2-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор аз сӯйи наздикону хешовандон дар Тоҷикистон зуд-зуд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи январи имсол Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир кардани як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки ба куштори ҳаммаҳаллааш гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2025 дар кишвар 23 ҳазору 448 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1 ҳазору 134 ҳолат бештар аст. Аз ҷумла ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар соли гузашта 74 (2024-75) ҳолат сабт шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)