< Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд

Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон ва ду шарики ӯ, ки шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, барои қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, аз 14 то 19 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  дар як гузориш, ки рӯзи 19-уми феврал телевизиони «Тоҷикистон» нашр кардааст, хабар дода, гуфтааст, ки аз ин «гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб» 20 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш мусодира кардаанд.

Мақомот аз онҳо Туйчибек Хайриддинов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун, Абдувосӣ Умаров ва Мурат Псанбаев, шаҳрвандони 55-солаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд. Вале номи ин кишварро ифшо накардаанд.

КДАМ гуфтааст, онҳо қасд доштаанд, ки маводи мухаддиро тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбеки ноҳияи Мастчоҳ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.


Аз рост ба чап Мурат Псанбаев, Туйчибек Хайриддинов ва Абдувосӣ Умаров

Ин ниҳод гуфтааст, ки  Туйчибек Хайриддинов ҳангоми адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои Русия бо Қосим ном шахс шинос шуда, баъди озод шудан бо ӯ дидор доштааст.

«Дар яке аз вохӯриҳо онҳо дар хусуси ташкили канали қоҷоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба хориҷа созиш кардаанд. Бо маслиҳати пешакӣ Хайриддинов тариқи сарҳади давлатӣ дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз қоҷоқбарони Афғонистон бо номҳои Аҳмад ва Ҳоҷӣ дастрас карда, онро бо мошинаш ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд интиқол дода дар махфигоҳ, воқеъ дар километри 321 шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ пинҳон кардааст»,-гуфта шудааст дар гузориши мақомот.
Худи гумонбар Туйчибек Хайриддинов дар гузориши мақомот ба гуноҳи худ иқрор шуда, гуфтааст, ки маводи мухаддирро дар роҳи Мастчоҳ партофта ба хона баргаштааст, ки «як рӯз баъд кормандони амният дастгир карданд». Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.
Назари ду шаҳрванди хориҷӣ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми «муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон» (моддаи 200, қисми 4, банди «д"-и КҶ), «тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят» (моддаи 32, қисми 1 –и КҶ), «шарикони ҷиноят» (моддаи 36, қисми 5-и КҶ) парванда боз шудааст.

Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Туйчибек Хайриддиновро 18 сол, Абдувосӣ Умаровро 19 сол ва Мурат Псанбаевро 14 сол равонаи зиндон кардааст.

Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Аз ҷумла, охири соли гузашта додгоҳи шаҳри Панҷакент ду сокини ҷамоати деҳоти Саразми ин шаҳрро ба қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, якеро ба 19 ва дигариро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомот гуфтаанд, ки онҳо мехостанд тавассути сарҳади Тоҷикистон, 44 кило маводи мухадирро ба кишвари Ӯзбекистон интиқол диҳанд. Пештар аз ин низ се сокини ин шаҳр барои қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлати 15 ва 16 сол равонаи зиндон шуда буданд. 
Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 — 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий