< Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод, аз ҷумла дастовардҳо дар давраи узвият дар созмон, ҷараёни татбиқи уҳдадориҳои гирифташуда, иштироки мамлакат дар низоми савдои бисёрҷониба, масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси 14-уми вазирони Созмони умумиҷаҳонии савдо, иштирок дар Конфронси 4-уми байналмилалии оби Душанбе ва дурнамои тақвияти робитаҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий