< Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар

Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Додгоҳҳои Тоҷикистон соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 120 парвандаи ҷиноиро нисбати 96 ҷавон баррасӣ карда, алайҳи 27 нафар ҷазои маҳрумият аз озодӣ ва нисбати 69 ҷавони дигар ҷарима таъин кардаанд.

Дар ин бора намояндаи Додгоҳи олӣ рӯзи 18-уми феврал ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода, гуфт, парвандаи онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ — саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ баррасӣ шуда, ҷазо таъин шудааст.

Аз ин ниҳод дар бораи ҳаҷми ҷарима ва муҳлати маҳрумият аз озодӣ иттилоъ надоданд. Вале, ин банди қонунгузорӣ, аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима (ба ҳолати соли 2025) ва ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар соли 2024 низ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷинояӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо таъин шудааст.

Инчунин, дар ин давра барои «саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё бо роҳи дигар» (моддаи 376-и КҶ) нисбати 25 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шуда, бо ҳукми додгоҳ 9 тани онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд. Аз додгоҳ нагуфтанд, ки ин шахсон чанд сол ҳукми зиндон гирифтаанд, вале қисмҳои алоҳидаи ин банди қонунгузорӣ аз 2 то 12 сол зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Манбаъ гуфт, ки алайҳи 16 сарбози дигар мӯҳлати санҷиш муқаррар шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ иҷрои ҷазо мекунанд.
 


Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 71-и Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо додгоҳ мӯҳлати санҷиш таъин мекунад, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад.

Мӯҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин шуда, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
Қаблан низ расонаҳо аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ҷавонон барои саркашӣ кардан аз хидмати ҳарбӣ иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, дар соли 2024 мақомот аз оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини 22-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буданд.

Ҳамасола бо шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити хидмату муносибати дағал бо эшон доғ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий