Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Ӯ ҷузъиёти дигаре дар мавриди ҳувияти ин маҳкумшудаҳо ироа накард.
Ҳамчунин, Ҳафиззода изҳор дошт, ки додгоҳҳои вилояти Суғд дар умум, соли гузашта вобаста ба ҷинояти таҷовуз ва дастдарозӣ ба номус (моддаҳои 138 ва 139 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) 12 парвандаи ҷиноиро нисбати 26 нафар баррасӣ кардаанд, ки 7 нафари онҳо ноболиғ будаанд.
Дар пайи баррасии ин парвандаҳо, се нафар барои як умр ва 23 тани дигар аз 20 то 25 сол равонаи зиндон шудаанд.Назари ҳеҷ яке аз ин маҳкумшудаҳо маълум нест.
Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли гузашта 49 ҷинояти таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 8 ҳолат бештар аст.

Тобистони соли гузашта Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни шинасти матбуотӣ бо ишора ба афзоиши ин намуди ҷиноят дар ним сол дар сатҳи вилоят гуфт, ки аксари ҷинояти таҷовуз ба номус аз ҷониби наздикони ҷабрдидаҳо сурат гирифтааст.
«Дар парвандаҳое, ки баррасӣ шуданд, ҳолатҳои аз ҷониби падар таҷовуз шудани духтар ҳам ба сабт шудааст. Ба хотири масъалаҳои ахлоқӣ мо аз овардани мисол худдорӣ мекунем», — афзуд Фурқат Хоҷазода.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир қазияҳои дастдарозӣ ба номус зиёд расонаӣ мешавад, ки дар аксар ҳолат ҷабрдидагон духтарони ноболиғ ҳастанд. Аз хабарҳои расонаӣ ҳам бармеояд, ки духтарон, ба вижа ноболиғон аз сӯйи пайвандон ё ҳамсояҳои худ дастдарозӣ мешаванд.
Яке аз чунин қазияи пурбаҳс таҷовуз шудани духтари 12-сола дар шаҳри Ҳисор буд, ки ноболиғ обистан шуда, фарзанд таваллуд кард.
ятоваи 7-сола моҳи июли соли 2021 аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.
Ба гуфтаи мақомот, Раҳматулло Гадоев бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон қотили Руфейдаро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Қазияи таҷовуз ба номус ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст ва баҳси осебпазир будани ноболиғонро ба миён овардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пайвандони ҷабрдидагон аз мақомоти масъул борҳо хостаанд, ки барои кам кардани ҷинояти таҷовуз ба номус, ба вижа барои ноболиғон чораҳои ҷиддӣ андешанд ва ҳатто ба муҳаттаҳамон ҳукмҳои сангин эълон кунанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)