< Дар Муъминобод 23 касро барои қиморбозӣ боздошт карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Муъминобод 23 касро барои қиморбозӣ боздошт карданд

Дар Муъминобод 23 касро барои қиморбозӣ боздошт карданд
​Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, кормандони милитсия ҷамъияти қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт намуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Рашидов Баҳром Раҳимович соли таваллудаш 1985 ва Ҷомии Абдурасулӣ соли таваллудаш 1996, сокинони деҳаи Деҳлолои ноҳияи мазкур  дар ҳайати гурӯҳӣ, ғайриқонунӣ қиморхона ташкил ва онро роҳбарӣ менамудаанд. Номбаршудагон бо сокинони маҳаллӣ ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, аз қабили шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Фархор давраи қиморбозӣ ташкил дода, сари ҳар бозӣ аз иштироккунандагон маблағҳои пулӣ  мегирифтаанд.

«Усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз санги бозӣ (зарик)-ро бо қиморбозии навъи „Хлюс“ ҷамъияти 23-нафара истифода бурда ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд», — зикр мегардад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба Рашидов Баҳром Раҳимович ва Ҷомии Абдурасул парвандаи ҷинояти бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Дар ин росто, нисбат ба иштирокдорони бозӣ барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва таъини ҷазо ба мақомоти суд ирсол карда шудааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий