Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки чанд рӯз қабл дар Индонезия ба анҷом расид, Суҳроб Сатторов маротибаи аввал фаъолият намуд. Дар аввалин мусобиқаи қитъавии худ довари Тоҷикистон касбияти баланд ва доварии олӣ нишон дод.
Эътирофи кори муваффақонаи ӯ таъйин шудан ба вазифаи довари бозии ниҳоии мусобиқа байни дастаҳои яккачини Эрон ва Индонезия буд. Ҳакамии Суҳроб Сатторов дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Осиё ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои тамоми ҷомеаи футзали Тоҷикистон дастоварди назаррас аст.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов Суҳроб Сатторовро бо анҷоми муваффақонаи мусобиқа табрик гуфта, гуфт, ки ҳунарнамоии ӯ дар Ҷоми Осиё далели сатҳи баланди омодагии доварони мост.
Довар Суҳроб Сатторов аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимод ва дастгириашон изҳори сипос кард
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)