< МОРО ФИРЕБ ДОДАНД... БОЗДОШТИ 4 ЭЪТИРОЗГАР ДАР ҲИСОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МОРО ФИРЕБ ДОДАНД... БОЗДОШТИ 4 ЭЪТИРОЗГАР ДАР ҲИСОР

МОРО ФИРЕБ ДОДАНД... БОЗДОШТИ 4 ЭЪТИРОЗГАР ДАР ҲИСОР
4 сокини деҳаҳои Чанори сӯхта, Мурутак ва Ҷартеппаи Ҳисор, ки рӯзи 29 апрел дар қатори даҳҳо нафар аз ҷамъоварандагони шираи камол дар назди дафтари ширкати "Фароз”-и марбут ба домоди президенти Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов эътироз карданд, дастгир шудаанд ва ба гуфтаи наздиконашон, инак се рӯз боз дар ШВКД шаҳри Ҳисор нигоҳ дошта мешаванд. Қаблан дар бораи боздошти ҳудуди 15 тани дигар аз ин эътирозгарон гузориш шуда буд. Ин нахустин тазоҳуроти эътирозӣ дар Тоҷикистон дар чандин соли охир буд. 

Иштироккунандагони он эътироз ҳоло мегӯянд, ки рӯзи 29 апрел онҳоро бо ваъдаи ҳалли масъала пароканда карданд, вале баъди силсилаи боздоштҳо маълум шуд, ки онҳоро фиреб додаанд.

Манобеи сомонаи "Ахбор” аз Ҳисор хабар доданд, ки рӯзи 30 апрел мақомоти корҳои дохилии Ҳисор 4 сокини деҳаҳои Чанори сӯхта, Мурутак ва Ҷартеппаро низ дастгир кардаанд ва онҳо дар тавқифгоҳи ШВКД шаҳри Ҳисор нигоҳ дошта мешаванд. Ин афрод ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва даъвати мардум ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ айбдор мешаванд.

Боздоштшудаҳо аз ҷумлаи даҳҳо нафар аз ҷамоварандаҳои шираи камол мебошанд, ки рӯзи 29 апрел дар назди дафтари марказии ширкати "Фароз” дар шаҳри Душанбе тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Гирдиҳамомадагон аз ин норозӣ буданд, ки "Фароз” имсол тартиби ҷамъоварии шираи камол, як растании нодиреро, ки дар саноати дорусозӣ истифода мешавад ва дар бозори ҷаҳонӣ нархи хеле баланд дорад, тағйир додааст ва ба ҷои 70-80 доллар барои як килои шираи камол ба ҷамъоварандагон мехоҳад ҳамагӣ 10 доллар ҳақ бидиҳад.
Рӯзи 29 апрел ба маҳалли таҷаммӯи мардум нирӯҳои милиса фиристода шуданд ва чанд нафар аз эътирозгаронро ҳам дастгир карданд. Вале дар ниҳоят намояндагони "Фароз” ба эътирозгарон ваъда доданд, ки қарордодҳои қаблӣ ба қувваи худ боқӣ мемонанд ва бо гирифтани ин ваъда мардум пароканда шуданд.

"Он рӯз ҳатто чанд нафари моро, ки дастгир карда буданд, ҷавоб доданд ва мо ҳам бовар кардему баргаштем. Вале маълум шуд, ки моро фиреб додаанд. Худи ҳамон шоми 29 апрел, баъди ба хона баргаштанашон қариб 15 нафарро дастгир карданд. Пурсуҷӯву боздоштҳо то ҳол идома доранд ва бисёриҳо аз тарс пинҳон шудаанд. Дар ҷараёни бозпурсиҳо мақомот рӯирост мегӯянд, ки мо даст ба ҷинояти давлатӣ задем, чунки ба зидди домоди роҳбари давлат эътироз кардем. Вале мо фақат ҳаққи худро талаб доштем, ягон талаби сиёсӣ накардем ва ба сиёсат коре ҳам надорем”, - хабар дод дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” яке аз онҳое, ки рӯзи 29 апрел дар эътирози ҷамъоварандагони шираи камол дар назди ширкати "Фароз” иштирок дошт.

Бино ба гузориши радиои "Озодӣ”, ҳудуди 15 нафари алакай шоми 29 апрел дастгиршуда дар тавқифгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар Турсунзода ва Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. 5 нафарро дар Данғара низ дастгир кардаанд, вале субҳи 1 май онҳоро озод кардаанд.

Ба гуфтаи наздикони ин афрод, алайҳи онҳо бар пояи моддаи 479-и Кодекси маъмурӣ, яъне "риоя накардани талаботи қонунии мақомоти умури дохила", парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ ваё ҷарима ба маблағи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.

Хабаргузории "Азия Плюс” мегӯяд, ки нафарони дастгиршуда онҳое буданд, ки ба ҳайси миёнарав байни "Фароз” ва ҷамъоварандагони шираи камол кор мекарданд ва ҳамчун роҳбарону таҳрикдиҳандагони эътироз боздошт шудаанд.

Аксари эътирозгарон, ки субҳи 29 апрел дар назди дафтари ширкати "Фароз” ҷамъ омаданд, сокинони деҳаи Данғара ва қисме аз Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода буданд. Ба дунбол, чанд мошини милиса ҳам инҷо омада ва аз коргарон хостанд, ки пароканда шаванд. Дар видеои нашркардаи радиои "Озодӣ” дида мешуд, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мепурсанд, ки "барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”.

"Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳоти гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо қимати баланде фурӯхта мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва харидуфурӯши шираи камол асосан таҳти назорати ширкати "Фароз” қарор дорад.

Ширкати "Фароз” яке аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, арсаҳои мухталиферо аз шираи камолу фурӯши рақамҳои давлатӣ ва муоинаи техникии мошинҳо то фурӯши бензину дастгоҳҳои муоинаи тиббӣ, суғурта ва чандин соҳаи дигарро таҳти назорати худ даровардааст.

Ширкати "Фароз” исми моликашро пинҳон мекунад, вале соли 2018 Маркази таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккилона дар як гузориши муфассал ошкор кард, ки "Фароз” ба Шамсулло Соҳибов, яке аз 6 домоди президенти Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар гузашта соҳибкорони фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев низ чандин бор изҳор дошта буданд, ки ширкати "Фароз”-ро якҷо бо "Тоҷирон” Шамсулло Соҳибов аз дасти онҳо ғасб кардааст.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p9136-117.htm 

Комментарии (0)

Оставить комментарий