Дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 2560 хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ё худ фермерӣ таъсис дода шудааст. Айни замон теъдоди умумии онҳо дар кишвар зиёда аз 200 349 ададро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Кумитаи идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон, аз ин шумор қариб 71 572 хоҷагӣ дар вилояти Суғд, 75 653 адар - дар вилояти Хатлон, 16 723 адад - дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 36 4101 хоҷагӣ - дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст.
То ҳолати 1 январи соли 2025 теъдоди саҳмдорон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ фермерии Тоҷикистон зиёда аз 796 094 нафарро ташкил медиҳад.
Қитъаи замине, ки ба як хоҷагии фермерӣ рост меояд, ба ҳисоби миёна ҳудуди 25,9 гектар ва ба як саҳмдор - 6,4 гектарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти дастрас, дар вилояти Суғд 70 ҳазору 793 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 990 ҳазор гектар заминро дар ихтиёр доранд.
Дар вилояти Хатлон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 73 ҳазору 693 адад баробар буда, онҳо дар зиёда аз 1,1 млн гектар заминҳо фаъолият доранд.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ 35 ҳазору 487 хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳудуди 915 ҳазор гектар заминро дар ихтиёрашон доранд.
Дар ВМКБ аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар зиёда аз 2 млн гектар замин кор мекунанд. Ин замин аксаран чарогоҳ буда, шумори онҳо 16 ҳазору 591 ададро ташкил медиҳад.
Тақрибан 40%-и ин заминҳо бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, масоҳати заминҳои шӯрхок ва серсанг мутаносибан 15% ва 18%-ро ташкил медиҳад. Дар ин заминҳо зиёда аз 90%-и ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбад, ки ба ҳудуди 25%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Ба сурати умум, қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ 5 млн 091 ҳазору 223 гектарро ташкил медиҳад, ки ба 73,14% аз масоҳати умумии заминҳои таъиноти кишоварзӣ баробар аст.
Қитъаи замине, ки ба як хоҷагии фермерӣ рост меояд, ба ҳисоби миёна ҳудуди 25,9 гектар ва ба як саҳмдор - 6,4 гектарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти дастрас, дар вилояти Суғд 70 ҳазору 793 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 990 ҳазор гектар заминро дар ихтиёр доранд.
Дар вилояти Хатлон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 73 ҳазору 693 адад баробар буда, онҳо дар зиёда аз 1,1 млн гектар заминҳо фаъолият доранд.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ 35 ҳазору 487 хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳудуди 915 ҳазор гектар заминро дар ихтиёрашон доранд.
Дар ВМКБ аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар зиёда аз 2 млн гектар замин кор мекунанд. Ин замин аксаран чарогоҳ буда, шумори онҳо 16 ҳазору 591 ададро ташкил медиҳад.
Тақрибан 40%-и ин заминҳо бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, масоҳати заминҳои шӯрхок ва серсанг мутаносибан 15% ва 18%-ро ташкил медиҳад. Дар ин заминҳо зиёда аз 90%-и ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбад, ки ба ҳудуди 25%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Қобили зикр аст, ки масоҳати заминҳои коршоям барои обёрӣ дар Тоҷикистон 1,57 млн гектар арзёбӣ шуда, аз он 763 ҳазор гектараш азхуд шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)